logo

Мулоқоти ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. бо коршиносони соҳаи сайёҳии Португалия ва Қазоқистон

Санаи 14 октябри соли 2019 ректори донишкада, профессор Обидов Ф.С. бо коршиносони соҳаи сайёҳӣ-профессори   Донишгоҳи Портои Португалия   Педро Бритто ва устоди Донишгоҳи ҳуқуқи Қазоқистон Рушан Мухамеджанова доир гардид.

 

    Ёдовар мешавем, ки ҷаноби Педро Бритто ва хонум Рушан Мухамеджанова шарикони хориҷии татбиқи  Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон», тибқи барномаи грантии «Омодасозии кадрҳо барои рушди устувори туризм дар Тоҷикистон» буда, раёсати донишкада номбурдагонро барои оғоз бахшидан ба даври дуюми татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамчун машваратчӣ даъват намудааст.
Дар раванди мулоқот ректори донишкада оид ба паҳлуҳои мухталифи раванди омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат маълумоти муфассал дода, роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти омода намудани мутахассисон бо меҳмонон суҳбати арзишманд анҷом дод.

    Меҳмонон низ дар навбати худ муҳимияти дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки барои тақвият бахшидан ба ин раванд омода ҳастанд аз ҷониби худ кумаку дастгирӣ намоянд.

Профессор Педро Бритто ва Рушан Мухамеджанова оид ба корҳои анҷомдодаашон ҷиҳати татбиқи  Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон», тибқи барномаи грантии «Омодасозии кадрҳо барои рушди устувори туризм дар Тоҷикистон» маълумоти муфасал ироа намуданд. Номбурдагон ёдовар шуданд, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ояндаи дурахшон дошта, он аз сатҳи касбии мутахассисони оянда вобастагии зич дорад. Аз ин рў, қайд карданд мехмонон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии пешбари мамлакат дар ин самт корҳои шоиста анҷом дода истодааст. Мо аз ҷониби худ кўшиш менамоем, ки дар коркарди санадҳои меъёрии таҳсилотӣ, стандарту нақшаҳои таълимӣ ва маҷмўаҳои таълимӣ-методии вобаста ба таҳсилоти тахассусии соҳаи сайёҳӣ кўмаки худро дареғ надорем.

    Дар раванди мулоқот миёни ректори донишкада ва меҳмонон масъалаи табодули устодону донишҷўён, магистрантон ва докторантони донишкада бо Донишгоҳи Портои Португалия ва Донишгоҳи ҳуқуқи Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифта мусбат арзёбӣ гардид.