logo

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “СОҲИБКОР”

       12 январи соли ҷорӣ аз фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор”-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд.
       Дар маҷлиси ҷамъбастии кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор” Ҳабибзода Зоир – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Қурбонзода Убайдулло муовини раис – роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.
      Оиди масъалаи рӯзномаи маҷлис Фирдавс Ҳаитов – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор”-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳисобот дод. Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки соли сипаригардида барои тамоми ҳизбиён соли таърихӣ ба шумор мерафт, чунки дар ин сол маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба монанди интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон баргузор гардид, ки номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хушбахтона дар интихоботҳои вакилони халқ сазовори номи вакилӣ гардида, инчуни номзади ин ҳизби бонуфуз дар маъракаи интихоботӣ пирӯз гардид.
      Дар муҳокимаи масъалаи рӯзномаи маҷлис Хоркашов Исломбек Сангакович муовини ректори донишкада оид ба илм ва инноватсия баромад намуда, саҳми масъулон ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор”-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро дар татбиқи ҳадафҳои дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарҷгардида дар соли 2020 бориз арзёбӣ намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо мақсади пиёда сохтани нуқтаҳои муҳими Барномаи мазкур, Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор”-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли 2020 ба як қатор муваффақиятҳо аз қабили анҷоми корҳои ободониву созандагӣ, анҷоми амалҳои хайру савоб ва дигар корҳои банақшагирифташуда ноил гардид.
      Сипас, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зоир Ҳабибзода ба сухан баромада, оиди саҳми кумитаи номбурда дар амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб изҳори сипос намуда қайд кард, ки Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор”-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Асрорзода Убайдулло Саттор пайваста аз сиёсати хирадмандонаву эҳсонкоронаи Раиси муаззами ин ҳизб паравӣ намуда, дар амалӣ намудани онҳо пайваста талош меварзад, ки сипосу минатдории хешро баён менамоям.
       Дар охир ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор”-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.