logo

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2021

       Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва донишҷӯёни азиз!
       Инак, соли 2020-ум бо саҳифаҳои таърих ҳавола гардида, Соли нави мелодии 2021 дар мекӯбад.
       Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, фарорасии Соли нави мелодии 2021-ро ба ҳар яки Шумо табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати мо сабт гардад.
       Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, Соли 2020-ум дар ҷаҳон тайғироти ҷиддиро ба миён овард, ки ин пеш аз ҳама доман густурдани бемории сироятии COVID-19 буд, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифт. Кишварҳои дунё ва аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳидоят ва роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали хуруҷи ин беморӣ дар кишвар тамоми чораҳоро андешида, муваффақ бар он шудем, ки сатҳи афзоиши онро гирем. Фаъолияти бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар низ дар ин давра таъмин гардида, бобати таъмини шароити созгори зиндагӣ барои шаҳрвандони кишвар тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд. Дасти кӯмак дароз намудан ба ниёзмандон аз ҷониби ашхоси саховатпеша ва ташкилоту идораҳо дар ин шароит, бозгӯи он буд, ки воқеан мо мардуми миллатдӯст ва ватанпараст аҳлонаву софдилона зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама мушкилотро дар якҷоягӣ бартараф карда метавонем.
       Хурсандиовар аст, ки Соли 2020 барои мардуми заҳматқарин ва меҳнатдӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол хотирмон дар саҳфаи таърих сабт гардид, зеро барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишвари азизамон бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун солҳои қаблӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас дастёб гардидем.
       Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илму маориф бо афкори маорифпарваронаи хеш баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи мазкур чун ҳарвақта ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ин аст, ки соли 2020 барои соҳаи маорифи кишвар соли бобарор ва соли комёбиҳои беназир гардид. Ҷамъбасти сатҳи баланди озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо дастовардҳои назаррас, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.
       Корҳои ободониву созандагӣ низ дар партави сиёсати созандаи Президенти маҳбуби кишвар ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома ёфта, як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат қарор дода шуд.
       Ҳайати коллективи меҳнатии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ба кору фаъолият соли 2020-ро сипарӣ намуданд, зеро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” таъсис дода шавад. Чунин ташаббус ва боварии Сарвари давлат ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада руҳу илҳоми тоза бахшид.
       Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №240 аз 29 апрели соли 2020 дар бораи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» номи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат» ба муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» иваз карда шуда, вобаста ба ин сохтори идоракунии донишкада тағйир дода шуд ва шуруъ аз оғози соли таҳсили 2020-2021 фаъолияти муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» пурра тибқи сохтори нав ба роҳ монда шуд.
       Боиси қайд аст, ки Соли 2020 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири муҳайё сохтани шароити муосири таълимӣ дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди қитъаи замини дар ихтиёри донишкада қарордошта, сохтмони бинои нави таълимӣ оғоз гардид.
       Соли нави 2021-ум дар пешорӯи миллати фарҳангсолори тоҷик соли басо хотирмон ва пур аз воқеаҳои таърихӣ хоҳад буд. Зеро, маҳз дар ҳамин сол ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро таҷлил хоҳем кард.
       Итминони комил дорем, ки Соли нави 2021-ро имрӯз пиру барнои кишвар зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳусни тафоҳум бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифта, барои расидан ба ҳадафҳои олии дар пешгузоштаи Ҳукумати кишвар барои минбаъда саҳми босазои хешро мегузоранд.
       Умедворем, ки Соли нави 2021 ба хонадони ҳар яки мо файзу нусрат ва барор меорад ва Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Сарвари давлат ба пешравиҳои аз ин ҳам азимтар ноил хоҳад гардид.
       Соли наватон муборак!