logo

НАТИҶАҲОИ ИЛМ ДАР ДССХ ДАР СОЛИ 2020 НАЗАРРАС АРЗЁБӢ ГАРДИДАНД

       Санаи 22 декабри соли 2020 дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишкада «Ҳисобот доир ба натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорӣ-омӯзгории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли 2020 ва вазифаҳо дар ин самт барои соли 2021» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи амиқ қарор дода шуд.

       Ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишкада зери раёсати муовини аввали ректор дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович баргузор гардид. Дар раванди баргузории ҷаласа дар баробари аъзоёни Шӯрои олимон, инчунин тамоми роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони илмӣ-педагогии Донишкада иштирок намуданд.

       Пас, аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа ва муқаррар гардидани вақти баромад, сухан ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада  н.и.и., дотсент Хоркашов Исломбек Сангакович барои пешниҳоди «Ҳисобот доир ба натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорӣ-омӯзгории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли 2020 ва вазифаҳо дар ин самт барои соли 2021» дода шуд.

      Хоркашов И.С. зимни баромади хеш иброз дошт, ки ҳайати коллективи меҳнатии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ба кору фаъолият соли 2020-ро сипарӣ намуд, зеро ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо дар Паёми хеш 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад ва ниҳоят бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020, №240  муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” таъсис дода шуд. Чунин ташаббус ва боварии Сарвари давлат ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада руҳу илҳоми тоза бахшид.

      Новобаста аз таъсири баъзе омилҳои манфӣ, аз қабили бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба самтҳои мухталифи фаъолият, қисми илм ва инноватсияи донишкада дар соли ҳисоботӣ, ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавӣ, раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва дигар мақомотҳои давлатӣ илова  ба  нақшаи  тасдиқгардида, дар аввали соли 2020  нақшаи чорабиниҳои иловагӣ  таҳия намуда,  бобати бо сатҳу сифати баланд иҷро намудани онҳо тамоми имкониятҳои мавҷудаи илмии донишкадаро истифода намуд.

      Ин аст, ки донишкада тавонист натиҷаҳои илмии худро бо доир намудани конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишкадавӣ, ҳамоишҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-методӣ, мизҳои мудаввари ҷумҳуриявию донишкадавӣ, нашри монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ  ва дигар чорабиниҳои илмии гуногуншакл баланд бардорад.

       Дар соли 2020 қисми илм ва инноватсия маҷмӯи  корҳои  ташкилӣ,  илмӣ – методиро  барои  пешрафти  таҳқиқотҳои  илмӣ,  тарбияи  кадрҳои  илмию  педагогӣ,  ҷалби докторантону магистрантон ва донишҷӯён  ба  илм ва корҳои инноватсионӣ  анҷом  дод.

      Зикр гардид, ки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии ҳайати илмӣ-педагогии донишкада, соли 2020 дар доираи равияи ягонаи илмӣ-назариявии донишкада, дар мавзӯи «Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар саноати Ҷумҳуриии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, иҷрокунандагони он асосан устодони кафедраҳои донишкада маҳсуб меёфтанд. Бояд қайд кард, ки дар доираи мавзӯи зикргардида, мавзӯи равияи корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултетҳо ва кафедраҳои донишкада муайян карда шуд, ки вобаста ба он дар соли 2020 як қатор муваффақиятҳо ба даст омаданд.

       Қайд карда шуд, ки қисми илм ва инноватсия дар соли 2020 тибқи нақшаи корӣ амал намуда, дар ҳамкорӣ бо факултет ва кафедраҳои донишкада ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла:

  1. Дар соли 2020 26 монографияи илмӣ, 18 китоби дарсӣ, 21 васоити таълимӣ, 37 дастури методӣ, 5 рисолаи илмӣ, 727 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 115 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 81 мақолаи илмӣ дар маводи конфронсҳои байналмилалӣ, 530 мақолаи илмии дар маводи конфронсҳои ҷумҳуриявию донишкадавӣ ва 89 мақолаи илмӣ-оммавӣ нашр гардид;
  2. Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра, 5 нафар устодони донишкада рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, 3 нафар аз ҷониби Шӯроҳои диссертатсионӣ барои ҳимоя иҷозат дода шудаанд. Инчунин, 4 нафар устодони донишкада ҳимояи пешдифоиро аз кафедрҳо гузаштанд, ки яке аз ин рисолаҳҳо докторӣ мебошад;
  3. Ҷиҳати ҳавасмандии бештари ҷавонон ва умуман устодони донишкада ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳимояи саривақтии рисолаҳои номзадӣ, аз ҷониби раёсати донишкада ба 3 нафар устодон, ки рисолаҳои худро ҳимоя намуданд, маблағи ҳавасмандӣ ба ба андозаи 10 000 сомонӣ ба ҳар яки онҳо тақдим карда шуд.
  4. Дар ин давра 3 нафар устоди донишкада унвони илмии дотсенти кафедраро соҳиб гардида, аз ҷониби 4 нафар устодони донишкада ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ва сазовор гардидан ба унвони илмии дотсенти кафедра ба КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи ирсол мебошанд;
  5. Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар докторон аз рӯи ихтисос (PhD), 3 нафар докторони муқаррарӣ ва 2 нафар унвонҷӯён мавзӯҳои рисолаҳои илмӣ ва роҳбарони илмии худро дар Шӯрои олимони донишкада тасдиқ намуданд;
  6. Бо мақсади иҷрои нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани устодони донишкада, дар давраи ҳисоботӣ 28 нафар устодон ба ин гуна курсҳо сафарбар карда шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд;
  7. Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки санаҳои 12-13 марти соли ҷорӣ доир гардид 6 нафар донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, 1 нафар соҳиби ҷойи 3-юм аз фанни технологияҳои иттилоотӣ ва 3 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд;
  8. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ноҳиявӣ 2 нафар донишҷӯ ва 1 нафар хонандаи литсейи донишкада соҳиби ҷойҳои 2-юм ва сеюм гардиданд. Инчунин, 3 нафар донишҷӯи донишкада барои иштироки фаъол дар озмуни мазкур бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд;
  9. Дар ин давра дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо ибтикори роҳбарияти донишкада дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва кафедраҳои мутасаддӣ 1 конфронси байналмилалӣ, 10 конфронси ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси донишкадавӣ, 2 ҳамоиши илмӣ, 11 семинари илмӣ-назариявӣ, 6 мизи мудаввар ва 7 чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ баргузор гардид, ки оид ба натиҷаи ҷамъбасти онҳо бо хулосаю пешниҳодот ба мақомотҳои дахлдор маълумотнома фиристода шуд. Ҳамчунин, тамоми маводи конфронсҳои баргузоршуда дар шакли маҷмӯаи алоҳида аз чоп баромад;
  10. Дар соли 2020 аз ҷониби кафедраҳои донишкада дар ҷаласаи маҳфилҳои донишҷӯёни назди кафедраҳо  267 маърӯза  бо баррасии мавзӯҳои мубрам баррасӣ карда шуд;
  11. Дар соли 2020 бо ибтикори раёсати донишкада дар ҳамбастагӣ бо раёсати илм ва инноватсия, китобхонаи илмӣ-электронӣ ва факултетҳои донишкада беш аз 5 000 адабиётҳои таълимию бадеӣ аз муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” ва дигар нашрияҳо ба китобхонаи илмӣ-электронии донишкада ва китобхонаи литсейи донишкада ворид карда шуд;
  12. Дар ин давра аз ҷониби кафедраҳои донишкада ҳамчун муассисаи пешбар, ба 9 рисолаи илмии аз ҷониби Шӯроҳои диссертатсионӣ пешниҳодгардида, тақризҳои мусбӣ пешниҳод карда шуд.

       Аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Хоркашов И.С.  пешниҳод карда шуд, ки қисми  илм ва инноватсия баҳри боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва баратараф намудани камбудиву норасоиҳо дар назди худ дар соли 2021 вазифаҳои зеринро ба миён мегузорад:

  • Таҳия, тасдиқ ва иҷрои Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорӣ-омӯзгории Донишкада барои солҳои 2021-2025;
  • Таҳия, тасдиқ ва иҷрои Нақшаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025;
  • Баргузории конфронсҳо, ҳамоишҳо ва мизҳои мудаввар доир ба масоили мубрами иқтисодиёти миллӣ;
  • Иҷрои саривақтии стратегия ва барномаҳои давлатии соҳаи илм дар Донишкада;
  • Таҳия, тасдиқ ва иҷрои нақшаи нашри монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ-методӣ барои соли 2021. Нашри на кам аз як китоби дарсӣ бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Донишкада;
  • Баргузор намудани конфронси илмӣ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”;
  • Баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”;
  • Баргузории чорабиниҳои илмӣ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”;
  • Баргузории чорабиниҳои илмӣ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025;
  • Баргузории конфронси илмӣ дар доираи таҷлили 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;
  • Муқаррарсозии имтиёзҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ бо ҳадафи густариши фаъолияти инноватсионӣ дар донишкада.
  • Раванди иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишкада, тибқи талаботи бандҳои ҷадвали 3-и Тавзеҳномаи «Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус ба сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишкада, ҳамзамон воқеъбинона ба роҳ мондани муҳокима ва пешниҳоди хулоса ба рисолаҳо, китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ ва ғ;
  • Андешидани чораҳои мушаххас бобати таъсис додани Шӯрои диссертатсионӣ, ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии «доктор аз рӯи ихтисос (РhD)» дар Донишкада;
  • Андешидани тадбирҳои зарурӣ бобати ворид намудани маҷаллаи илмии «Паём»-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Пурзӯр намудани фаъолияти Парки инноватсионию технологии донишкада ва рақобатпазир гардонидани он ба чунин намуди паркҳо.

       Дар интиҳои кори ҷаласа, пас аз саволу ҷавоб ва баромадҳои ғайрирасмӣ вобаста ба муҳокима ва баррасии масъалаи матраҳшуда қарори ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада қабул карда шуд.