logo

ҲХДТ – УМЕД БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

       9 декабри соли ҷорӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба 26 солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери чунин унвон мизи мудаввар баргузор гардид.

       Дар кори мизи мудаввар сардори шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Зуҳро Ғоиб, профессорону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Донишкада иштироки фаъол намуданд.

       Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборов Б.Б. оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро аз номи роҳбарияти Донишкада, бахшида ба 26 солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Зимни сухани ифтитоҳии хеш Ҷабборов Б.Б. иброз намуд, ки таърихи ибратбахшу созандаи ин ҳизбро Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон 25 июни соли 1997, ки дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил гардид.  18 апрели соли 1998  дар Анҷумани IV ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро вакилони Анҷуман Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман баромад намуда, таъкид доштанд, ки «таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони худро ёбанд». Бо ин васила сокинони кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту комёбиҳои зиёд ноил гардиданд.

      Дастовардҳои имрӯзаи ҳизби мо натиҷаи талошу мубориза дар он замонаи мураккабу мушкил аст. Мо имтиҳонҳои ҷиддиро паси сар кардем. Аз ин пас содиқона хизмат кардан ва беш аз пеш аз ормонҳои халқ огоҳ будану ба татбиқи онҳо мусоидат кардан вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҳизб аст.  Садоқат дар амал зоҳир мешавад. Ба ҳамин маънӣ мо бояд дар ҷараёни омодагӣ ба маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи кишвар баҳри таъмини пирӯзии номзадҳои ҲХДТ дар баробари аъзои ҳизб ҷонибдорону хайрхоҳони хешро ҷалб созем.

       Сипас, сардори шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Зуҳро Ғоиб баромад намуда иброз доштанд, ки ҲХДТ дар фаъолияти худ зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳизб, гувоҳӣ медиҳад.

      Фаромуш набояд кард, ки ҲХДТ дар муддати начандон тулонӣ, яъне 26 соли фаъолияти пурсамар марҳилаҳои бунёдинеро руи кор овард, ки давлатҳои тарақикардаи дунё баъди талошҳои садсола онро ба даст овардаанд. Новобаста  аз пешравиҳои ҲХДТ, ки ба иродаи мукаммали мо ҳизбиён вобастагии нотакрор дорад, моро мебояд руи ҳадафҳои барномавии худ бо неруи бузурги аъзоён бо дасти дили соф, содиқонаю поквиҷдонона хизмати сазовор дошта бошем.

       Дар идомаи мизи мудаввар ассистентони кафедраи ҷомеашиносии Донишкада Абдуллоева Л.М. ва Ҳабибов С.И. доир ба 26 солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

       Дар фарҷоми кори мизи мудаввар иштирокчиён нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самтҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ, махсусан таъсис додани ҲХДТ бориз арзёбӣ намуданд.