logo

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҲАДАФҲО ВА ТАМОЮЛ

      Зери чунин унвон конфронси сатҳи баланд дар Донишкадаи сайёҳи, соҳибкорӣ ва хизмат санаи 28 ноябри соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории конфронси мазкур муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., профессор Қодирзода Диловар Баҳридин, д.и.и., профессори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рауфӣ Абдуғаффар, муовини ректори ДДМИТ н.и.и., дотсент Қодиров Фирӯз Абдулҳафизович, корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Маҳкамов Баҳодур Бурҳонович, устодон ва магистрантону донишҷӯёни Донишкада ширкат варзиданд.

      Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректори дрнишкада оид ба илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Хоркашов Исломбек Сангакович ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи роҳбарият ба Донишкада хушомадед намуд. Мавсуф зимни баромади хеш доир ба муҳимияти баргузории конфронс, маҳз дар мавзӯи Саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва тамоюл изҳори андеша намуда, дар доираи эълони ҳадафи чоруми миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019, баргузории чунин чорабиниҳои илмиро зарур арзёбӣ намуд.

      Сипас, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳридин баромад намуда, ба раёсати донишкада барои ташкили чунин конфронс, ки дар доираи мавзӯи муҳим баргузор мегардад, изҳори ташаккур намуд. Ҳамзамон, мавсуф доир ба муҳимияти эълони ҳадафи чоруми миллӣ — Саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тафсил шарҳу эзоҳ намуд. Қайд гардид, ки Пешвои муаззами миллат ҳадафи мазкурро ба хотири ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз эълон намуданд, ки бешак ин раванд метавонад ба шуғли пурмаҳсул боис гардад ва ба ин васила иқтисодиёти кишвар ва бахусус сатҳи зиндагии мардум боз ҳам хубтару беҳтар гардад.

      Дар идомаи ҷаласаи пленарии конфронс баромадҳои д.и.и., профессори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рауфӣ Абдуғаффар, муовини ректори ДДМИТ н.и.и., дотсент Қодиров Фирӯз Абдулҳафизович, корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Маҳкамов Баҳодур Бурҳонович ва муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат н.и.и., дотсент Ҷабборов Фатҳулло Амриевич шунида шуд. Пас, аз ҷамъбасти баромадҳо дар ин қисмати конфронс, саволу ҷавобҳои мушаххас аз ҷониби иштирокчиён сурат гирифт.

       Баъди нисфирӯзи конфронс кори худро дар ду бахш идома дод.