logo

ПАРАФШОН БОД ДОИМ ПАРЧАМИ МО!

       24 ноябри соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ, бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  зери унвони “ПАРАФШОН БОД ДОИМ ПАРЧАМИ МО!” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз раёсати Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон, магистрантон, донишҷӯён, роҳбарияти литсейи донишкада ва кормандон иштирок намуданд.

      Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба таълим Раҳимов М.А. ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти донишкада ҳозиринро ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуданд. Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки ҳамасола 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватандуст нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми меҳандусти Тоҷикистони азиз зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.

    Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар мебошад.Парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад, иброз доштанд Раҳимов М.А.

       Инчунин, сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин баромад намуда, қайд карданд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро «Рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

       Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Сипас, дар идомаи чорабинии фарҳангӣ барномаи омоданамудаи донишҷӯёни факултети «Баҳисобгирӣ-иқтисодӣ» бо қироати шеърҳо дар васфи “Парчам, Ватан”  ва рақсҳои ҷолибро пешкаш намуда, табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.

       Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим Раҳимов М.А. ва намояндаи раёсати Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин ба як гурӯҳ устодону кормандони донишкада туҳфаву “Ифтихорнома”-ҳои раёсати донишкадаро тақдим намуданд. Инчунин, Раҳимов М.А. аз номи роҳбарияти муассиса ба тамоми донишҷӯёне, ки барои дар сатҳи сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи донишкада заҳмат кашидаанд изҳори миннатдорӣ намуда, ба масъулини донишкада ҷиҳати ҳавасманд намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.