logo

ПАРЧАМ-РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Зери чунин унвон санаи 24 ноябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

      Дар кори мизи мудаввар устодони кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва дигар устодону донишҷӯёни Донишкада иштироки фаъол намуданд.

        Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хоркашов И.С. оғоз намуда, иштирокчиёни чорабинии илмиро аз номи роҳбарияти Донишкада ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Зимни сухани ифтитоҳии хеш Хоркашов И.С. иброз намуд, ки воқеан имрӯзҳо дар сартосари кишвари маҳбубамон, Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори дигар идҳои миллӣ, таҷлил мегардад. Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ баҳри таҷлили сазовори Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои донишкадавиро таҳия ва тасдиқ намудааст.

      Мавсуф қайд кард, ки Парчами давлатии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

      Ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.

      Дар идомаи мизи мудаввар, мудири кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии ДССХ н.и.ҳ., дотсент Нодиров Ф.М., дотсенти кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ Сафаров И.Д. ва дигар устодону донишҷӯён оид ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.