logo

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Ҳамватанони азиз, ҳамкасбон, устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯёну хонандагон!

          Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, бо арзи сипос ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо бо ҷашни муқаддасу фархунда “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори обод ва орому осуда, инчунин сарҷамъии безаволу ҷовидонро таммано менамоям.

         Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад ва шурӯъ аз соли 2009 дар ҷумҳурӣ санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин парчам ҳанӯз 28 сол муқаддам дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд қабул шудааст. Ба хотири эҳтироми ин рамзи давлатдорӣ соли 2011 дар шаҳри Душанбе баландтарин Парчами давлатӣ дар дунё қомат афрохт. Бурҷи Парчами давлатии Тоҷикистон дар канори рости Қасри миллат бунёд ёфтааст, ки баландии сутуни он 165 метр, дарозии матоъ 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.

         Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватандуст нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми меҳандусти Тоҷикистони азиз зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.

        Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар мебошад.

         Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки зимни Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ соли 2018 зикр намуда буданд: «Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем».

       Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

         Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.

         Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пой барҷо бошад.

        Бори дигар барои кулли ҳамватанони азизу заҳматқарин ва меҳандӯсту сулҳпарвар “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муборак бошад.

        Сарбаланду пирӯз бошед ҳамватанони иззатманд!!!