logo

ПАРЧАМ РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ

       Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

       Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки ахиран ба тасвиб расид ва мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, ки минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

       Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёгони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

       Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

       Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.

       Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст; — Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; — Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; — Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар;  Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънидод мешавад.

       Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пой барҷо бошад.

       Албата боиси ифтихор аст, ки рӯзи 30-юми августи соли 2011, дар арафаи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд. Дарозии Парчам 60 ва бари он 30 метр буда, аз тамоми гӯшаву канори пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе намудор аст. Бояд гуфт, ки бо чунин баландӣ сохта шудани Парчами кишвар арҷ гузоштан ба ин рамзи муқаддаси миллӣ мебошад.

       Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

       Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлати худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд

       Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамкорони мӯҳтарам ва тамоми сокинони кишвари азизамонро бо ин ҷашни фархунда  рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям ва орзу дорам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

 

Мирсаидов Фаридун Аброрович   

н.и.и., дотсент, декани факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат