logo

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президент, ки дар кишвар ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, таҳният менамоям.

Воқеан ҳам, хушбахтии миллати фарҳангсолору қавиирода ва заҳматписанди тоҷик аст, ки чунин Пешвои маҳбуб дорем. Имрӯз пиру барнои кишвар зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳусни тафоҳум бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, барои расидан ба ҳадафҳои олии дар пешгузоштаи Ҳукумати кишвар саҳм мегузоранд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид, бешак саҳифи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон боз намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳал гардид. Аз ин ҷост, ки ин иҷлосияро воқеаи муҳиму сарнавиштсоз унвон кардаанд. Яке аз иқдомҳои оқилонае, ки дар иҷлосияи мазкур сурат гирифт, ин интихоби дурусти роҳбари кишвар буд. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки шохаҳои ҳокимият фалаҷ гашта, ҳанӯз садои яроқу туфанг ва ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагашта буд. Дар ин вазъияти басо мураккаб ба ваҳдату якдилӣ даъват намудани мардум кори саҳлу содда набуда, он пеш аз ҳама матонату ҷасорат ва мардонагию хирадмандиро талаб мекард.

Маҳз тақдири ояндаи миллати ҷафокашидаи тоҷик ва масъулияти гарони роҳбарӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки ҷони худро ба хатар гузошта, дар музокираҳои гуногун ширкат варзанд ва гуруҳҳои мухолифро низ ба сулҳу дӯстӣ даъват намоянд. Натиҷаи заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз мо дар кишвари орому осуда зиндагӣ дорем ва ба ояндаи дурахшони худ умеду итминон дорем. Эмомалӣ Раҳмон барҳақ яке аз сиёсатмадорони муваффақи замон ва чеҳраҳои намоён дар байни лидерони ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ифтихор аст, ки дар тӯли қариб се даҳсола Тоҷикистон ба пешрафтҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ноил гашта, нақшаҳои бузурги стратегиро амалӣ намудааст. Ҳоло бошад, ҷумҳурии мо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ талош варзида, дар ин замина усутворона пеш меравад.

Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ хеле бузург буда, дар минбарҳои бонуфуз борҳо доир ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об дар сайёра, пешгирии амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ ва ғайра баромадҳо кардаанд. Дар ҳифзи фарҳанги пурғановати миллӣ ва таблиғи забони модарӣ низ саҳми Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург ва қиёснашаванда аст. Мавқеъ ва нуфузи забони давлатӣ солҳои охир болотар шуда, ҷашнҳои ниёгони мо эҳё шуда истодаанд. Ҳамаи ин бори дигар аз мо, хусусан аз ҷавонони саодатманди диёр тақозо мекунад, ки ба қадри ин меҳани осоишта расем ва баробари Пешвои миллат онро дӯст дорем ва ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем. Зеро, доштани чунин сарзамине бо номи Тоҷикистон ва чунин роҳбари дилсӯзу хирадманде чун Эмомалӣ Раҳмон барои мо кулли сокинони кишвар боиси ифтихори бузург аст.

Бори дигар Рӯзи Президентро ба ҳар яки Шумо таҳният мегӯям, ҳамватанони азиз.