logo

ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО

       Зери чунин унвон 16 ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  чорабинии бошукуҳи тантанавӣ, бахшида  ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳою бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

       Ровиён чорабинии мазкурро бо ситоиш ва васфи сиёсатмадори бузурги таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои шоёни ӯ баҳри пойдории Сулҳу Ваҳдати миллӣ шуруъ намуданд.

       Баъдан риштаи сухан ба муовини ректор оид ба таълим Раҳимов М.А. дода шуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро аз номи роҳбарияти Донишкада ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,  доир ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуданд.

      Мавсуф қайд карданд, ки дар заминаи хизмати беназири, Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон комёбиҳои пурарзиш ва баландпояе дар давлати соҳибистиқлоли мо таъмин гардид, ки ин хидматҳо ҳамчун қаҳрамонии бузурге дар байни ҷомеи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Ин корнамоӣ ва  комёбиҳои беназир иқтидори уқёнуси бепоёнеро мемонанд, ки шуморашон қариб, ки беохираст. Имрўзҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои озоду   умедбахши сиёсӣ дар рушду нумўъ қарор дорад. Ин ҳам бошад аз заҳмат ва кўшишҳои пурталоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст.

       Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгуншукуфоии ин диёри зебоманзари худ камари ҳиммат баста, ба давлату миллати хеш софдилона хидмат кунем.

      Сипас, судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед баромад намуда, қайд карданд, ки ин Рӯзи муқадасу таърихи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 16 ноябри соли 1994 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Бешубҳа, Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи  наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рўи кор овард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон ҳанўз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўӣдоди сарнавиштсози миллат муаӣян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

      Инчунин, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишкада Ҳотамов Н.Б. баромад намуда, дар бораи хизматҳои шоистаи Сарвари давлат дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуданд. Таъкид варзид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалии худ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд.

       Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор”-и донишкада барномаи рангинеро бо номи: «Пешвои сулҳофарини миллат», ки аз қироати беҳтарини шеърҳо дар васфи  Ватану Пешвои муаззами миллат, инчунин сурудҳои ватандӯстона ва рақсу саҳначаҳои ҷолиб иборат буд,  пешкаши ҳозирин намуданд.