logo

НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ИНКИШОФИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Санаи 16 ноябри соли 2020, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Пешвои муаззами миллат дар инкишофи худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

       Дар кори мизи мудаввар намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиров Акмалиддин, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Имомназар, профессорону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Донишкада иштироки фаъол намуданд.

      Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хоркашов И.С. оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии илмиро аз номи роҳбарияти Донишкада ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

       Сипас, иштирокчиён дар мавзуҳои гуногун баромад намуда, нақши Президенти кишварро дар ҳама самтҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ, махсусан инкишофи худидоракунии маҳаллӣ дар мамлакат бориз арзёбӣ намуданд.