logo

ИҶЛОСИЯИ ХVI САНАДИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

       Таърих гувоҳ аст, ки дар роҳи соҳиб шудан ба давлати мустақил ва соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати шарафманди тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.

       Бо омӯзиши сайри таърихӣ 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Иҷлосияи тақдирсоз барои халқу миллати тоҷик дар шаҳри бостонии Хуҷанд сари масоили имрӯзу фардои мамлакат, аз бӯҳрони шадиди сиёсию ҷамъиятӣ берун овардани аҳли ҷомеа ва наҷот ёфтани халқу давлат аз вартаи фано баргузор гардида буд. Дар ин иҷлосияи таърихӣ роҳбари дилсӯзу хирадманди миллатро бояд интихоб намуд, ки Тоҷикистонро аз гирудори ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои тезутунди қувваҳои мухталиф раҳо намояд.

       Бо бахти баланди миллати тоҷик марди олиму оқилу фозилу хирадманде сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид. Ин рисолати бузургу пурмасъулро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифт, ки бо тамоми қуввату донишу таҷрибаи давлатдории худ барои ободонӣ, сарҷамъии миллат, осудагии мардум, таъмини сулҳу субот ва бурун овардани Ватани азизамон аз ҳолати вазнину ҳалокатбор фидокорона заҳмат кашида, чорабиниҳои амиқу васеъро дар амал татбиқ намуд.

       Ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи диёри азизамон дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.

       Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки сарвари давлат мушкилиҳои сангини ибтидои соҳибистиқлолиро бо азму ирода ва тадбирҳои оқилона худ ҳалу фасл намуда, ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ба дилҳои одамон умеду боварӣ бахшид. Соҳибистиқлоли барои миллати тоҷик волотарин неъмати бузург ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад. Бо пош хурдани давлати бузурги шӯравӣ халқи тоҷик аз нав соҳиби давлат, соҳибистиқлол ва мустақил гардида, мақому манзалати махсус пайдо намуд, ки барои Тоҷикистон ин воқеаи фараҳбахш ва бузург аст. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, дуняви қадамҳои устувор мениҳод, омили асосии ин якдилу якмаромии миллат буд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ, зиддиятҳои маҳаллагароӣ, таъсири терроризм ва экстремизми беруна боиси парокандашавии халқиятҳо ва инчунин мамлакатҳо ва давлатҳо аз байн рафтани миллат, нобудшавии қавмҳо гардидааст. Халқи шарафманди тоҷикро хатари парокандагию нобуди дар ҷанги шаҳрванди таҳдид кардааст. Вале бо ташаббусуи сарвари давлат Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз маҳвшавӣ наҷот ёфта, то ба истиқлолият ва ягонагии миллию давлатӣ расид.

       Албатта, омўхтани саҳифаҳои таърихӣ, пастию баландиҳо, қаҳрамониҳои фарзандони бонангу бономус ва бофарҳангӣ имрӯзу  гузаштагони халқи тоҷик барои ташаккули шахсиятӣ ҳар як ҷавони имрўза дар рўҳияи ватанпарастӣ аҳамияти махсус дорад.

   Бо ташаббус ва иқдомҳои бузурги Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бо бунёдкориву созандагиҳои азиму бесобиқа, эҳёгари сулҳу ваҳдати миллӣ, сулҳпарвару сулҳовар, сарҷамъкунандаи миллат дар дили ҳар як сокини кишвар то абад боқи мемонад.

 

Қаландарова Гулру Сафаровна   

н.и.и., мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳалии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат