logo

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲАДЯИ БУЗУРГИ ТАЪРИХ БА МИЛЛАТИ ТОҶИК

       Боиси сарфарозист, ки дар кишвари мо рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ба феҳристи Рӯзҳои ид дохил гардид ва минбаъд сокинони Тоҷикистон онро ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн мегиранд.

       Воқеан, таҷлил намудани Рӯзи Президент ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию таърихӣ барои миллати мо як амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Зеро, сарнавишти имрӯзаву ояндаи миллати мо ва низоми давлатдории навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад. Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллати тамаддунофарӣ мо мебошад.

       Иҷлосияи ХVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад. Зеро, маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми беандоза гузошт.

       Имрӯз мо 28-умин солгарди Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, самараҳои неки онро арзёбӣ намуда истодаем. Воқеан ҳам ба хулосае омадем, ки ин Иҷлосияи таърихӣ  дар тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеа нақши бағоят муҳим дорад.

       Халқи тоҷик аз он рӯзи таърихӣ дар муддати бисту шаш сол, таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои беназирро ба даст овард.

       Вазифаи мо имрӯз пеш аз ҳама ҳифзи сулҳу субот, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пос доштан ва ба насли наврас омӯзонидани аҳамияти таърихии ин Иҷлосияи сарнавиштсози миллат  мебошад.

       Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем, бараъло мушоҳида мегардад, ки Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллати шарафманди тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати роҳбарии худро дар назди халқу миллат садоқатмандона иҷро намуда, дар як фосилаи кутоҳи таърихӣ тадбирҳоеро ба сомон расониданд, ки он кори саҳлу осон набуд.

       Масъалаҳои гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, дар заминаи сулҳ бунёд кардани давлат, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, ба низом даровардани сохторҳои қудратӣ, алалхусус, Артиши миллӣ, баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ таъмини Ваҳдати миллӣ ва боз чандин масъалаҳои дигар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои тақдирсоз маҳсуб меёфтанд, ки маҳз тавассути хизматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари ғаюр ва фарзанди фидокори миллат ҳаллу фасл гардиданд.

       Силсилаи амалҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ахлоқие, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини роҳбарии хеш анҷом додаанд ва имрӯз низ ба сомон расонида истодаанд, ҳама аз як сарчашма — сарчашмаи ҳастии давлат, мавҷудияти миллати соҳибдавлат, ваҳдати халқ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии миллат ибтидо мегиранд.

       Аз ҳамин нуқтаи назар, шинохти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ба анъанаҳои давлатдории муосир мувофиқ буда, барои миллати тоҷик ва ҳама тоҷикистониён ҳадяи бузурги таърих аст.

       Маҳз, таҳти роҳбарии ин шахсияти таърихӣ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

       Хизматҳои пурарзиши Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, рушди фарҳанги пурғановати миллӣ барои ҳамагон чун офтоб равшан аст.

       Президент бо камоли ҳақшиносӣ борҳо исбот намуд, ки қаҳрамони ҳалқ аст, ӯ дар сиришти худ хирад ва ҳикмати гузаштагони хирадмандамонро маҳфуз дошта, бо эҳё кардани он ба бунёдкориҳои азим ноил гардиданд.

Адолатпарварӣ ва мардумсолорӣ аз муҳимтарин сабақҳои мактаби ҷаҳондории Сомониёни бузург буд, ки дар шароити нави таърихӣ дар сиёсат ва фарҳанги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шуд.

       Ин мактаб, лаҳзаҳои душвори таърихиро сарбаландона пушти сар гузошта, ба ҳайси яке мактаби обутобёфтаи ҳаёт, мактаби бузурги сиёсӣ ва мактаби нотакрори давлатдорӣ ташаккул ёфт.

       Маҳз ин аст дарси ватандории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бояд мояи ибрат ва сармашқи кори ҳар як шахси ватандӯст ва баору номус қарор бигирад.

       Бигузор, нақшаву ниятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсаду мароми ҳар яки мо ягона бигардад, то Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон аз имрӯза дида, ободу зеботар ва пешрафтаву пуриқтидор гардад.

       Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ дар таъмини сиёсати ватандӯстона ва бунёдкоронаи роҳбари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуда, барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз дар тамоми ҷабҳаҳои  ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

       Аз лиҳози он, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президент барои ҳар як сокини худшиносу худогоҳи Тоҷикистон таҷлил аз давлатдории навин ва арҷгузорӣ ба фидокориҳои фарзанди фарзонаи миллат аст, бори дигар ин рӯзи пурсаодатро ба ҳамаи миллати тоҷик самимона табрик ва муборакбод намуда, орзу мекунам, ки ба бахти халқи Тоҷикистон Президент ва Пешвои мо ҳамеша тансиҳату болидарӯҳ бошанд.

 

Сафоев Абдумаҷид Каримович   

н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарзи

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат