logo

ИҶЛОСИЯ СИПАРЕ БУД БАРОИ ҲИФЗИ ХОКИ МУҚАДДАСИ ВАТАН

       Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ сипаре буд, барои ҳифзи хоки муқаддаси ватан. Иҷлосия идомаи ҳодисаҳои бемаънии кишварро боздошт. Ҳамин иҷлосия буд, ки Ватан аз вайроншавӣ эмин монду тири душманони миллати тоҷик хок хурд.

       Шукри Худованди бузург, ки ақли худододаи миллати мо боло гирифту Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд ва якдилию якдигарфаҳмӣ ба даст омад. Агар, ба ибораи дигар гӯем, Иҷлосия рӯйдоди таърихӣ ва фаромӯшнашаванда аст.

       Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар лаҳзаҳои ҳассос чун пайки фиристодаи Худованд нумуъ кард, бо парафшонии парчами муқаддасаш дилҳоро тасхир кард, адовату душманиро аз байн бурд. Оби чашмҳои хунборро баст. Ба дили мардуми ба ваҳм афтода, умеду боварӣ бахшид. Муҳимаш соҳибу сарвари халқу Ватанро дарёфт. Гӯё, ки Рӯдакии бузург садои хешро баланд карда мегуфт:

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздикӣ Худованд бадӣ нест фаромӯш.

       Бале, дигар теғ барои куштор ҷавлон накард, алангаи оташи ҷанг хомӯш гашт. Пас, месазад гӯем, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз бозӯи мустаҳкаме шуду миллатро нигоҳ дошт. Акнун ин равнақу гул-гулшукуфиҳо аз файзу иродаи ҳамин Иҷлосия аст. Тоҷикон, ки аз қадим ватандору шаҳрдору ободгар буданд, як умр чунин хоҳанд монд.

       Баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд ниёзи ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки мебоист барои бақои миллат ва давлатамон таҳкурсии боэътимод гузошт. Дар ҳамон вазъияти ниҳоят вазнин ва муташанниҷи мамлакат, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар Кохи Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоти Суғд доир гардид, ки сарнавишт ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро муайян намуд.

       Иҷлосияи сарнавиштсози миллат дар давоми кори худ 23 масъалаи муҳими рӯзро дида баромад ва ҳаллу фасл намуд. Яке аз он масъалаҳои муҳим интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки вакилон ба ин вазифа Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод ва интихоб намуданд. Аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан ин фарзанди  баору номус ва ҷасуру ватанпараст баҳри он кушид, ки ҷумҳурии азияткашидаро аз бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ раҳо диҳад. Вазифаҳои асосиро Эмомалӣ Раҳмони ҷавон дар ҳалли чунин масъалаҳои доғи рӯз медид:

— ташкили ҷараёни музокирот байни тоҷикон бо мақсади хомуш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ;

— ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа;

— ташкили раванди бозгашти фирориён, чӣ аз хориҷӣ кишвар ва чӣ дар дохил;

— гузоштани пояҳои нави низоми давлатдорӣ;

— гузаронидани ислоҳот дар сиёсати молиявӣ ва қарзии кишвар;

— таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ва ғ.

       Сардори нави давлат, Раиси ба тозагӣ интихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди миллӣ ва инсонпарварӣ таъкид дошт: «То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷики гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам». Ин изҳороти таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки Сардори давлат дар муроҷиат ба тамоми аҳли ҷумҳурӣ баён намуд, роҳи беҳбудии ояндаи Тоҷикистон ва ваҳдати миллии тоҷиконро равшан кард.

       Имрӯз, мо дар фазои сулҳу субот роҷеъ ба ин тадбири бузурги сиёсӣ оромона ҳарф мезанем, вале тасаввур намоед, ки 28 сол муқаддам дар ин шабу рӯз ҷумҳурии тозаистиқлоли мо дар чӣ гуна вазъият қарор дошт ва мардум чӣ рӯзгореро паси сар мекарданд? Он лаҳзаҳо кишвари тоҷиконро дар пешорӯ ду роҳ буд: яке роҳи маҳву фано ва сутурдашавии Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон, дигаре роҳи наҷот ва эҳёшавии миллати тоҷик, аз сӯзандагиву ҷаҳолат гузаштан ба созандагию бунёдкорӣ ва хирад.

       Маҳз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи наҷот ва эҳёшавии миллати тоҷикро интихоб кард, ки ба дурустии он ҳеҷ гоҳ шакку шубҳа нахоҳад буд. Фарзанди фарзона ва шуҷову шоистаи тоҷик, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такопӯи пайгиронаи минбаъдааш тавонист кишварро аз вартаи ҷангу бало берун кашад, ғарибонро ба ватанашон баргардонад, ба халқ сулҳу саодат оварда, барои ояндаи шукуфоии Тоҷикистон замина муҳайё намояд.

       Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи беҳтарин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Тоҷикистони офтобрӯяву ҳамешабаҳор то рафт рушд мекунаду мақбули ҳамагон мегардад.

 

Сафоев Абдумаҷид Каримович   

н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарзи

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат