logo

НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

       Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия дар ҳамкорӣ бо кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии Донишкада, бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 14 ноябри соли ҷорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи Нақши «Пешвои муаззами миллат дар таҳкими давлату давлатдорӣ» баргузор гардид.

       Дар чорабинии мазкур профессори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодони кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва дигар устодону донишҷӯёни Донишкада иштироки фаъол намуданд.

      Чорабинии мазкурро муовини ректори донишкада оид ба илм ва инноватсия дотсент Хоркашов Исломбек Сангакович оғоз намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишкада ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Қайд гардид, ки хушбахтона имрӯзҳо дар сартосари кишвари маҳбубамон, Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар идҳои миллӣ, таҷлил мегардад. Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ баҳри таҷлили сазовори Рӯзи Президент нақшаи чорабиниҳои донишкадавиро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки тибқи нақшаи мазкур баргузории 3 мизи мудаввар дар назар дошта шудааст, ки имрӯз дуюмин мизи мудаввар доир мегардад. Ҳадаф аз баргузории мизҳои мудаввар дар мавзӯҳои гуногун, вобаста ба Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни давлатдорӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон дар партави амалҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто мебошад.

      Сипас, профессори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Искандаров З.Ҳ. дар мавзӯи «16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳомии Конститутсия, инсон ва кафили Истиқлолияти миллӣ, бардавомии давлатдории тоҷикон» баромади пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла профессор Искандаров З.Ҳ. иброз намуданд, ки аз миёни ҳозирин, калонсолон хуб дар ёд доранд, ки 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд. Шурӯъ аз ҳамон рӯз дар давлатдории тоҷикон марҳилаи нави созандагӣ оғоз гардид, ки дар он умури идораи давлатиро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Президент — Сардори давлат бар зимма гирифта буд. Таъриху фаъолияти вазифаи Президентӣ, бахусус барандаи он Эмомалӣ Раҳмон — шахсияти таҷассумгари хислатҳои нек — сулҳу оромӣ, сабру тоқат, адлу инсоф, некӣ, ҷавонмардӣ, ободкориву созандагӣ нишон дод, ки Ӯ давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда, ҳаёти саодатмандона ҳидоят намуда, Ӯ аз ҷониби халқ ва намояндагони онҳо ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат баргузида шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст, иброз дошт Искандаров З.Ҳ.

       Дар идомаи мизи мудаввар дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Ҳайбатов Н.В., дотсенти кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ Сафаров И.Д., мудири кафедраи гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии ДССХ н.и.ҳ., дотсент Нодиров Ф.М. ва донишҷӯи курси 4, ихтисоси таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукии Донишкада Раҷабов З. баромади пурмуҳтаво намуданд.

       Чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ дар доираи таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат идома доранд

.