logo

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН

       Зери чунин унвон санаи 13 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президент мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои олимони ҷавон ва муҳаққиқони Тоҷикистон Рустам Наботӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шокирзода Муҳаммадтолиб, мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло ва ҷавонону муҳаққиқони Донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Мизи мудаввар бо қироати дастаҷамъонаи Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардида, сипас муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Хоркашов Исломбек Сангакович аз номи роҳбарияти Донишкада меҳмононро ба Донишкада хайрамақдам гуфт. Зимни сухани ифтитоҳии хеш Хоркашов И.С. иброз намуд, ки воқеан имрӯз боиси сарфарозии кулли мардуми шарафманди кишвар аст, ки дар фазои ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Самимияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқу миллат ва эътиқоду боварии мардуми шарифи Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит гардид. Пешвои муаззами миллат бо андешаҳои созандаи хеш давлати миллии тоҷиконро эҳё бахшида, ҳамчун ҳомии таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳ кушод ва таҳти роҳбариаш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардид, ки имрӯз дар фазои осоиштаи он мо зиндагӣ дорем, афзуд Хоркашов И.С.

       Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар меҳмонон ва ҳозирин андошеҳои ҷолиби шуниданӣ баён намуданд.

       Чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат идома доранд.