logo

ИҶЛОСИЯИ XVI-УМ ВА ЗАРУРАТИ ТАҲИЯИ КОНСТИТУТСИЯИ НАВ

«Рȳзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирȳзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

                                                                                                                                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

       Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кȳтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурўҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

       13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар кардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.

       Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрȳзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрванди аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳи бунёдкорӣ, ваҳдаталабии Тоҷикистон аст.

       Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз дар пайвастани кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милли давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад. Инкишофу пешрафти ҷомеа бахусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъияти устувор гардад.

       Азбаски Конститутсия чун дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ догма нест, бинобар ин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он боиси рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, васеътар шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва инчунин кафолати ҳуқуқии амаликунонии онҳо мебошад.

       Бо дарназардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрȳз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки  Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро эълон намуд.

    Тибқи моддаи 6 Конститутсия «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад».

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.

       Мувофиқи ақидаи мутахассисони байналмилалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.

 

Орипов А.С. – муаллими калони  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат,

Музафарова Нилуфар – донишҷўи  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат