logo

БОЗДИДИ УСТОДОНУ ДОНИШҶУЁНИ ДССХ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

       Санаи 3 ноябри соли 2020  устодон ва донишҷуён Донишкадаи саёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафтанд  ва онҷоро саёҳат намуданд. Мақсад аз чунин саёҳат шиносоии ҷавонон аз тамошои  бахшҳои гуногуни ин махзани илму дониш ва ҷойгоҳи фарҳангу тамаддун ғизои маънавӣ бардошта, ба саволҳои сершумори худ посухҳои дақиқ гирифтанд.

       Ҳадафи сайри мазкур огоҳии ҷавонон аз таъриху маънавиёт, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, шинохти  осори арзишманди шоирону адибон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ буда, ки он  бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид.

      Саёҳати Осорхонаи миллии Тоҷикистон зери роҳбарии омӯзгори ҷавони донишкада  Абдуллоева Латофат  сурат гирифта, сайри донишҷуёнро аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз намуда, бо тамошои дигар толорҳои намоишӣ аз қабили «Сосониён», «Сомониён», «Ҳулбук», «Сиккаҳо», «Табиати бойтарини Тоҷикистон» ба анҷом расонида, нисбати онҳо таассуроти хешро баён намуданд.

      Дар рафти саёҳат инчунин донишҷӯён аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла намоишгоҳи «Истиқлолият», «Хушнависӣ дар замонҳои пешин», «Тўҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуда, ба бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шуруъ аз асри санг то замони муосир ва аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огоҳӣ пайдо намуданд.

      Ҳар фарди ватандӯстро зарур аст то, ки аз  таърихи миллати сарбаланду тамаддунофари  тоҷик огаҳӣ пайдо намуда, онро  ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

       Ташкили чунин саёҳатҳои омӯзишӣ аз ҷониби устодону донишҷӯёни Донишкада минбаъд низ сурат хоҳанд гирифт.