logo

КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

       4 ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  чорабинии тантанавӣ, бахшида  ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишкада, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳою бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарияти литсейи донишкада, сардорони гуруҳҳои таълимӣ-академӣ ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

      Чорабинии мазкурро ректори донишкада, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро табрику муборакбод намуд.

      Ректори донишкада иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таҳкимкунандаи фаъолияти қонунии давлат ба шумор меравад. Бахусус, дар даврони истиқлолият ин санади олӣ бо як фазои озоди танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ фаъолиятро то ба имрўз давом дода, дар рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаеро мегузорад. Таҳким ва иҷрои кафолати конститутсионӣ, албатта аз тарафи давлат назорат ва ба танзим дароварда мешавад.

      Ректори донишкада дар идомаи баромади хеш қайд намуданд, ки бисту шаш соли амали Конститутсияи қабулгардида собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд. Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи миллати тоҷикро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.

Сипас, дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор”-и донишкада бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона ва рақсу саҳначаҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида гардониданд.

       Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишкада муҳтарам Асрорзода У.С. ба як гурӯҳ устодону кормандон ва собиқадорони меҳнати  донишкада туҳфаву “Ифтихорнома”-ҳои раёсати донишкадаро тақдим намуданд. Инчунин, ректори донишкада ба тамоми донишҷӯёне, ки барои дар сатҳи сазовор таҷлил намудани 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи донишкада заҳмат кашидаанд изҳори миннатдорӣ намуда, ба масъулини донишкада ҷиҳати ҳавасманд намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.