logo

ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       31-уми октябри соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат тибқи нақша-чорабинии илмии пешбинишуда конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун омили рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

       Дар кори конфронс устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, мутахассисон аз Муассисаи давлатии “Маркази ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон”  иштирок намуданд.

       Кори конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишкада н.и.и., дотсент Бобоев А.М. оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамгироии минтақавӣ яке аз хусусиятҳои хоси муносибатҳои бозорӣ ба шумор меравад. Дар чунин шароит маҳз ҳаракатҳои ҳамгироӣ ва кооператсия ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳанд, ки дар бозори минтақавӣ рақобатпазирии худро баланд гардонанд.

      Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ташаккули соҳаҳои мухталифи соҳибкорӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муайян қабул гардида,  баҳри рушди соҳибкории истеҳсолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

       Мақсади баргузор намудани конфронсҳои илмӣ-амалӣ ин муҳокима намудани муамоҳои масъалаи мазкур ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ оид ба рушди соҳаҳои афзалиятноки соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

      Баъдан дар кори конфронси мазкур сардори шуъбаи умумии кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” Тағоева Р. дар мавзӯи “Бизнес-инкубатор”, мудири кафедраи менеҷмент н.н.и, дотсент Изатов Қ.И. дар мавзӯи “Потенциал Республики Таджикистан ва отраслях экономики” ва магистранти курси дуюми ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” Бадарғаев С.Ш. дар мавзӯи “Равандҳои ҳамгироии байналмилалӣ дар иқтисодиёти байналмилалӣ” баромад намуданд.

      Пас аз баромадҳо, дар қисмати музокираҳо устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар музокира декани факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Мирсаидов Ф.А. оид ба муҳиммияти омилҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

      Дар фарҷоми кори конфронс аз ҷониби иштирокчиён оид ба нақши олимону таҳқиқотчиёни ватанӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва таҳқиқотию илмӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда, ҳозиринро ба барномаи минбаъдаи конфронсҳои пешбинишуда дар бахшҳои алоҳида таъкид намуданд.