logo

МАҲФИЛИ ИЛМИИ “МАРКЕТОЛОГИ ҶАВОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

       Кафедраи менеҷменти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат санаи 28.10.2020, соати 1300, дар синфхонаи №11-и бинои таълимии №1 ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯёни «Маркетологи ҷавон» баргузор намуд.

       Дар кори маҳфили илмии донишҷӯён омӯзгорони кафедраи менеҷмент Изатов Қ.И., Раҳимов Ҷ.О, Нуриддинова М.С., Шукрихудоев Қ.З., Гадоев Ҳ.С. донишҷӯёни ихтисосҳои “Маркетинг”, “Менеҷмент”, “Иқтисод ва идора дар сайёҳӣ” иштирок намуданд.

      Ҷаласаро мудири кафедраи менеҷмент Изатов Қ.И. ифтитоҳ намуда, оид ба нақши маҳфилҳои илмӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуд. Сипас, ҷаласаро роҳбари маҳфили илмӣ Гадоев Ҳ.С. идома дода, тартиби баргузории ҷаласа ва мавзӯъҳои баррасишавандаро эълон намуд.

        Сипас донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 26020300- «Маркетинг», таҳсили рӯзона бо забони тоҷикӣ Муминзода Гулбиддин дар мавзӯи «Рушди маркетинг» таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент Изатов Қ.И. бо истифода аз слайдҳои намоишӣ баромад намуд.

        Баромади дуюмро ба донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 26020300- «Маркетинг» Фахриддинов Зулолиддин дар мавзӯи «Нақши унсурҳои коммуникатсияи маркетингӣ дар таъмини фурӯши мол» таҳти роҳбарии  омӯзгори калони кафедраи менеҷмент Гадоев Ҳ.С. ба анҷом расонд. Пас аз баромадҳо донишҷӯён саволҳои худро пешниҳод намуданд. Баромадкунандагон ба саволҳои донишҷӯён пурра ҷавоб доданд. Дар музокира инчунин дотсенти кафедра Раҳимов Ҷ.О., мудири кафедра Изатов Қ.И. суханронӣ намуданд. Кори маҳфили илмии донишҷӯёнро роҳбари он Гадоев Ҳ.С. ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои пешбурди корҳои илмӣ тавсияҳои амалӣ доданд.