logo

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР, БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ СОҲИБКОР»

       Соҳибкорони ҳимматбаланди мамлакат!

       Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, Шуморо бо “Рӯзи соҳибкор”, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола cанаи 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, дар ҷодаи фаъолияти касбӣ ва корҳои ободкориву созандагӣ муваффақиятҳои беназирро хоҳонам.

       Ба андешаи мо, эътирофи хизматҳои шоёни Шумо ва ҷашн гирифтани «Рӯзи соҳибкор» дар мамлакат саривақтӣ мебошад. Зеро, дар шароити муосир соҳибкорон кафили устувории иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа мебошанд. Имрӯз, соҳибкорони меҳандӯсти мамлакат баҳри иҷроиши ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ва бо ҳадафи гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фароҳам сохтани шароит барои ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат содиқона хизмат мекунанд ва бо чунин рафтори созандаи хеш баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи ҳаёти босаодат дар мамлакат мусоидат менамоянд. Соҳибкорон ҷойҳои нави корӣ фароҳам месозанд, буҷети давлатро ғанӣ мегардонанд, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро афзун мегардонанд ва ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд.

       Масъалаи рушди соҳибкорӣ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад ва сол ба сол бо дарёфти захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои мухталиф анҷом гирифта истодаанд. Дастгирии соҳибкорӣ ва қабл аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоту ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 зикр намуда буданд, ки “…ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил кардааст”.

       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамаҷониба ва самаранок истифода намудани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳарчӣ бештар ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ, тақвият бахшидан ба сифати молу хизматрасонӣ, кам намудани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту самараноки захираҳо, содда ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда истодааст. Зеро фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва фароҳамсозандаи ҳаёти босаодати мардум, инчунин заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

       Ҳамасола пайваста аз тарафи мақомоти давлатӣ баҳри рушди касбият ва баланд бардоштани малакаву маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ шуда истодаанд.

       Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ дар қатори дигар ниҳодҳои давлатӣ баҳри амалисозии ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси фаъолияти соҳибкорӣ, рушди касбият ва баланд бардоштани малакаву маҳорати соҳибкорон чораҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.

       Дурнамои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бо инкишофи соҳибкории истеҳсолии инноватсионӣ алоқаманд аст, ки он дар навбати худ ба густариши фаъолияти истеҳсолии субъектҳои хоҷагидорӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ҳамчунин дар ин замина таъмин намудани ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат равона гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ҳалли проблемаи рушди бемайлони иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо истифодаи соҳибкории истеҳсолӣ ҳамчун омили асосии рушди иқтисоди миллӣ алоқаманд аст.

       Аминем, ки соҳибкорони меҳандӯсти мамлакат баҳри иҷроиши ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ва бо ҳадафи гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фароҳам сохтани шароит барои ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат содиқона хизмат мекунанд ва бо чунин рафтори созандаи хеш баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи ҳаёти босаодат дар мамлакат мусоидат менамоянд.

       Ҳамин тариқ, аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, бори дигар, якояки Шуморо ба ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ аз ҳар яки Шумо даъват ба амал меорам, ки дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ бо кору пайкори созанда саҳми арзандаи худро гузорем.