logo

МИЗИ МУДАВВАР, БАХШИДА БА «РӮЗИ СОҲИБКОР» ДАР МАВЗӮИ «САҲМИ ОЛИМОН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН ДАР РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

        Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳамасола санаи 14 уми октябр «Рўзи соҳибкор» ҷашн гирифта мешавад.

       Ба ин мақсад, санаи 14 октябри соли равон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки намояндагон аз Иниститути иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодон, олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада мизи мудаввар дар мавзӯи “ Саҳми олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар рушди соҳибкорӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор гардид.

       Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.и., дотсент Раҳимов М.А. ифтитоҳ намуда, сараввал иштироккунандагонро аз номи роҳбарияти Донишкада хайрамақдам гуфт ва баъдан иброз дошт, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26.12.2019 таъкид намуда буданд: «Фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад»

      Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент корманди Иниститути иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарипов Б дар мавзўъи «Проблемы формирование единого финансового пространства центральной Азии» дар баромадашон оиди проблемаҳои ташаккули фазои ягонаи молиявии Осиёи Миёна суханрони намуда қайд карданд, ки дар шароити муосир яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат аз як ҷониб то ҳадди имкон пеш бурдани иқтисодиёти озод бошад, аз ҷониби дигар пурзӯр намудани фаъолият дар муосир ташкили зерсохтор ва ҷалби бахши хусусӣ ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мебошад. Дар шароити рақобати шадиди бозорӣ зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин намуд.

      Дар идомаи чорабинӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишкада Сафоев А.К, ҳангоми суханронии худ дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ истеҳсоли дар Ҷумҳурии Тоҷикисон» дастовардҳои замони истиқлолиятро дар бахши такмили рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, қайдгардид, ки такмили рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бо идоракунии иқтисодиёт зич алоқаманд буда, ислоҳоти ҷиддиро тақозо менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ аз 26-уми декабри соли 2019 қайд намуда буданд: «Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст». Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад. Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.

       Дар интиҳои мизи мудаввар дар байни иштирокдорон баҳсу мунозира ва гуфтугӯҳои озод ба вуқӯъ пайваст. Изҳори итминон шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои устодон бо докторантҳо, магистрантон дар доираи ташаккули вохӯриҳо мунтазам тақвият дода мешавад.