logo

ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

       Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории номзад аз  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.

      Аз фурсати муносиб истифода бурда коллективи бисёрнафараи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо самимият ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон самимона шодбош менамоянд.

       Боварии кимил дорем, ки зери роҳбарии Сарвари оқилу доно Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро боз ҳам устувортар гардонида, шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар бо амалисозии ҳадафу ниятҳои неки созанда рӯз то рӯз болотару гуворотар мегардад!