logo

ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ!

       Санаи 10 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, бобати баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии хонандагону донишҷӯён намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр доир карда шуд.

      Дар раванди чорабинии мазкур Директори муассисаи давлатии нашриявии «Адиб», аксар муаллифони китобҳои бадеӣ, намояндагони кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни донишкада  ширкати фаъол намуданд. Донишҷӯёни донишкада иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти донишкадаро дар мавриди ташкили чунин чорабинии барояшон муфид бориз арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи давлатии донишкада Аҳмадова Фархунда зимни ибрози андешаи худ, баён намуд, ки  «…мо донишҷӯён хушбахт аз онем, ки дар баробари муҳайёсозии шароити созгори таълим, роҳбарияти донишкада пайваста ингуна иқдомҳоро роҳандозӣ менамояд. Махсусан ташкили чунин ярмарка-фурӯши китоб ба мо имконият фароҳам месозад, ки аз донишкада берун нарафта, китобҳои бадеиро бе ягон мушкилот дастрас намоем. Ҳамзамон, дар баробари дастрас намудани китобҳои зарурӣ мо ба бисёр таълифоти шоирону нависандагони хеш, ки ба марази тамошо гузошта шуда буданд, аз наздик шинос шудем».

      Аз ҷониби роҳбарияти донишкада низ барои боз ҳам ғанӣ гардонидани Китобхонаи илмӣ-электронии донишкада бо китобҳои наву замонавӣ беш аз 5 000 китобҳо ворид карда шуд.

       Роҳбарияти донишкада тасмим дорад, чунин намуди чорабиниҳои фарҳангӣ-тарбиявиро боз ҳам зиёдтар ба роҳ монад.