logo

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАЪМИНИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Санаи 09 октябри соли ҷорӣ дар бинои таълими 4 синфхонаи 27 маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ “Иқтисодчии ҷавон” аз рўйи нақшаи тасдиқшуда баргузор гардид. Мавзӯи навбатии маҳфили илмӣ «Самтҳои афзалиятноки таъмини саноатикунонии босуръат дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардида буд. Дар раванди баргузории маҳфили мазкур аъзоёни маҳфил ва доираи васеи донишҷӯёни ихтисосҳои зертобеи кафедра иштироки фаъол намуданд.
Дар оғози маҳфил мудири кафедра н.и.и., дотсент Ҳабибуллозода М.Ҳ. баромад намуда қайд кард, ки маҳфили илмии кафедра аз рўи нақшаи тасдиқшудаи маҳфил моҳе як маротиба доир мегардад ва масъалаҳои мубрами соҳаи саноату энергетика матраҳ мегардад. Иштироки донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика) дар ин минбари илмӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи касбияти онҳо боис гардад. Хадаф аз ташкили чунин маҳфилӣ илмӣ барои донишҷӯён дар назди кафедра низ ба хотири баланд бардоштани завқи корҳои эҷодии донишҷӯён мебошад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ соҳаи саноат дар иқтисодиёти миллии дилхоҳ мамлакат нақши муҳимро иҷро мекунад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсоли он, фароҳамсозии устувории иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад, ибрози назар намуд Ҳабибуллозода М.Ҳ. Бинобар ин, гузаронидани чунин маҳфилҳои илмӣ дорои манфиати муҳимӣ илмии иқтисодӣ мебошад.

       Сипас, дар маҳфили илмӣ мавзӯҳои “Самтҳои афзалиятноки таъмини саноатикунонии босруръат дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

      Доир ба мавзўи аввал дар маҳфил донишҷўи курси 3-юми ихтисоси 1-25010711 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои саноатӣ Муборакшоева М. дар мавзўи “Самтҳои афзалиятноки таъмини саноатикунонии босруръат дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда қайд кард, ки соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳим ва пешбарандаи иқтисоди миллӣ мебошад, чунки рушди ин соҳа гарави асосии устуворӣ ва инкишофи иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад. Ташкили низоми фаъол ва пешрафтаи корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурраи ашёи хом дар дохили кишвар ва тақвият додани соҳаи саноат мусоидат менамояд.

       Доир ба мавзўи дуюм дар маҳфил донишҷўи курси 2 — юми ихтисоси 1-25010717 –Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ Ҳакимӣ М. дар мавзўи «Рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Қайд карда шуд, ки макроиқтисодӣ иқтисодиётро дар сатҳи болои таҳлил менамояд, ки ҷавҳари асосиро иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад.

      Дар охири маҳфил байни донишҷӯён баҳсу мунозира ва табодули афкор оид ба мавзӯҳои баррасишуда сурат гирифт ва ҳар як донишҷӯ оид ба масъалаҳои ҷойдошта фикру ақидаҳои худро баён намуданд.