logo

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ” ВА “РӮЗИ ОМӮЗГОР” ДАР ДОНИШКАДА

        5 октябри соли 2019 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ ” ва “Рӯзи омӯзгор” баргузор гардид, ки дар он устодон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишкада иштирок доштанд.

        Чорабинии мазкурро Хоркашов  И.С.- муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷамъомадагонро бо фарорасии “Рӯзи забони давлатӣ ” ва “Рӯзи омӯзгор” самимона аз номи худ ва аз номи раёсати Донишкада табрику таҳният гуфтанд.

        Зимни баромади хеш Хоркашов И.С. қайд намуданд, ки тамоми бузургон ва аҳли адаб дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои бузурги илмию маънавӣ ва миллӣ, ки асоси ҷовидонагии фарҳангу тамаддуни ҳар миллатро ташкил медиҳанд, ба бузургтарин шахсе, ки дар ҷомеа асоси маърифатнокии инсонҳоро ташкил ва ба вуҷуд меорад, яъне омӯзгор мақоми волотаринро муносиб донистаанд.

        Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ аз ин гурӯҳҳо истисно нест, чунки бо сарвари Пешвои муаззами миллат тавонистааст дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ боз ҳам фарҳанги оламгири қадимаи худро эҳё намуда, забонро ҳамчун воситаи тарғиби сиёсати созандаву бунёдкорона ва кафили пойдории давлату миллати тоҷик ва муаррифгари фарҳанги волои худ дар арсаи байналмилалӣ қарор диҳад.

        Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мусоидат кардан дар тасвиби қонун дар бораи забони давлатӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтанд, ки ин боз сиёсати сирф миллигароёнаи Сарвари кишварро нишон медиҳад ва ҳамагонро водор месозад, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз кадом соҳаи фаъолият бояд дастаҷамъона аз забони модариамон пуштибонӣ намуда, онро чун мероси гаронбаҳо ва пурарзиш барои насли оянда мерос гузорем.

        Дар сухани хотимавии хеш Хоркашов И.С. бори дигар ҳозиринро ба “Рӯзи омӯзгор” низ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъда барои тамоми омӯзгорон муваффақият ва бурдбориҳои беназирро таманно карданд.

        Сипас, меҳмони чорабинӣ шоираи ширинкалом Шарипова Меҳриннисо баромад намуда, ҳамагонро ба муносибати“Рӯзи забон ” ва “Рӯзи омӯзгор” табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки  забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст. Маҳз, ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

        Дар идомаи чорабинии мазкур маърӯзаи омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Сангинова Р.И. дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ” шунида шуд. Дар баромади худ Сангинова Р.И. қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне дар бисту ҳашт соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад.

        Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ ” ва “Рӯзи омӯзгор” бо қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи забони тоҷикӣ ва омӯзгор аз ҷониби донишҷӯёну хонандагони литсейи донишкада ҷолиби диданӣ ва хотирмон арзёбӣ гардид. Инчунин, дастаи ҳавасконони “Соҳибкор”-и донишкада, бо пешниҳоди сурудҳои  ватандустона табъи ҳозиринро болида гардониданд.