logo

ИНТИХОБОТ ВА ОЗОДИИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

       Ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои аъзоёни ҷомеа мебошад. Яке аз чунин ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихобот аст. Агар ба таърих ва раванди ташаккули интихобот таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки интихобот дар ҷомеа баробари сиёсат зуҳур намуда, то замони муосир чи дар ҷомеаҳои анъанавӣ ва чӣ дар ҷомеаҳои демократӣ дар шаклу навъҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Аммо интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳими сиёсат маҳз дар ҷомеаҳои демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст. Бояд зикр намуд, ки зарурати асосии ба вуҷуд омадани интихоботро дар ҷомеа маҳз созиш ва ризояти гурўҳҳо ҳангоми ташкил намудани ҳокимият, пешгирии низоъҳо, тақсим ва ҳимояи манфиатҳо ташкил медод.

       Дар шароити муосир низ давлатҳои демократӣ интихоботро ҳамчун нерўи муттаҳаррики пешбарандаи ҷомеа истифода менамоянд. Дар шароити имрўза, ҳар як ҷомеаи демократӣ танҳо тавассути интихобот иштироки шаҳрвандонро дар ташаккули давлатдорӣ, устувории волоияти қонун ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шаҳрвандро кафолат дода метавонад. Хушбахтона, Ҷумҳурии  Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, тамоми пояҳои  давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё, барқарор ва устувор намудааст. Маҳз самараи ҳамин раванд буд, ки имрўз Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафтгонаи беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои пешрафта шомил гаштааст.

       Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботи ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Конститутсия – Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеъ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоягари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд.

       Интихоби Президент тавассути интихобот яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки таъминкунандаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, ичтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ба ибораи дигар, интихобот – ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа, бахусус ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон бавуҷудомадаро ба таври осоишта дар доираи қонунҳои қабулгардидаи амалкунанда  ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин карда тавонад.

       Қобили таваҷҷуҳ ва сарфарозист, ки дар асоси мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо эҳсос мешавад, ки дар интихобот донишманди касбу кори гуногун мубориза мебаранд. Ин барои мардуми шарафманди Тоҷикистон як фоли нек буда, умедвории моро ба ояндаи дурахшон, осмони софу беғубори Ватан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ устувортар менамояд. Метавонем бо боварии комил иброз дорем, ки ҳарчи бештар ҷавонони соҳибтаҷриба бо нерўи тавоно, фикру андешаҳои тоза ва нигоҳи замонавӣ дар вазифаҳои масъулиятнок роҳ ёбанд, расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва вазифаҳои дар пеш гузошта  воқеитар мегардад.

     Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ вазифаҳои гунонгун дошта, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунад. Амали гардидани чунин вазифаҳо боис мегардад, ки минбаъд дар ҷомеа суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфрасохторҳои муҳими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир бошад.

       Дар маҷмўъ, интихобот бо ҳарф намешавад, интихобот бо ширкати мардум, ҳузури мардум, иродаи мардум, иртиботи фикрӣ ва ақлонӣ ва эҳсосоти мардум бо таҳаввулоти кишвар сурат мегирад, чунки аҳаммияти интихобот дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа хеле бузург аст. Аз ин рў шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби сарвари давлат муайян созанд. Шаҳрвандон бояд огоҳ бошанд, ки бетарафӣ дар интихобот падидаи манфӣ аст ва чун интихобот воситаи муҳими амалигардии ҳокимияти шаҳрвандон аст, пас дар ин раванд ҳар яки онҳо бояд фаъолнокии бештари сиёсӣ зоҳир намоянд.

 

Зиёзода Н.И. — ассистенти кафедраи ҷомеашиносии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат