logo

ГӮШАИ ИТТИЛООТИИ ИНТИХОБОТ-2020 ДАР ДОНИШКАДА

        Бо ибтикори раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада «ГӮШАИ ИТТИЛООТИИ ИНТИХОБОТ-2020» таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси гӯшаи мазкур бедор сохтани маърифати интихоботии устодону донишҷӯён дар раванди маъракаи сиёсии кишвар, Интихобот-2020 мебошад. Устодону донишҷӯён метавонанд дар вақтҳои мувофиқи худ ба китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада ташриф оварда, аз маводҳои нашрнамудаи Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои заруриро пайдо намоянд.