logo

ХУШХАБАР

       Ҷовидони Саид донишҷўи курси 2-юми ихтисоси 1-25010711-Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар номинатсияи “Адабиёти муосир” ғолиби ҷойи  2-юм гардид ва ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

       Ғолибияти навбатии донишҷӯи донишкада ба кулли устодон, кормандон ва донишҷӯёну хонандагони Донишкада муборак бошад.

       Ба Ҷовидони Саид дар сабқатҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ барору комёбӣ таманно дорем.

РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ