logo

ХУШУНАТУ ЗӮРОВАРӢ ЧУН ОМИЛИ КОҲИШДИҲАНДАИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

       Санаи 10-уми сентябри соли 2020 дар доираи Нақшаи-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, “Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 294 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2014, №269 тасдиқ гардидааст, миёни донишҷӯёни донишкада ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар байни ҷавонон таҳти унвони “Хушунату зӯроварӣ чун омили коҳишдиҳандаи тарбияи ҷавонон”   семинар-машварат доир гардид.

      Дар раванди баргузории семинар машварат намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурова Заррина, директори муассисаи давлатии маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе Саломова Манзура, раиси кор бо занон ва духтарони донишкада Ширинова Гулбутта ва устодону донишҷӯдухтарони донишкада иштирок намуданд.

      Чорабинии мазкурро раиси кор бо занон ва духтарони Донишкада Ширинова Г.С. ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти Донишкада иштирокчиён ва меҳмононро ба Донишкада  хайрамақдам гуфтанд. Ташкили чунин семинар машваратро Ширинова Г.С. аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур ва муҳим арзёбӣ намуда, саҳми кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар қатори дигар ташкилоту идораҳо дар раванди пешгирии хушунату зӯроварӣ дар байни ҷавонон бориз арзёбӣ намуданд.

      Сипас, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурова Заррина баромад намуда, оиди содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, даст ба ҷиноят задани ҷавонон, ҳурмату эҳтироми аъзоёни оила, тарбияи дурусти ҷавонону ноболиғон ва ҳамзамон масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон таҳлил ва суханронӣ намуд.

        Дар охир байни меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ дархосту пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардид.