logo

ДОНИШҶӮИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ ДОНИШКАДАРО МУАРРИФӢ НАМУД

       Донишҷўи курси 2-юми ихтисоси 1-25010403-Андоз ва андозбандии факултети молия ва қарзи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Ҷорубов Саидбек Ҳидибекович санаи 8-уми сентябри соли 2020 дар мусобиқаи варзишии ташкилнамудаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахшида ба муносибати ҷашнгирии 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Гуштини миллӣ» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

       Ба ин муносибат донишҷӯ Ҷорубов Саидбек Ҳидибековичро раёсат, устодону донишҷӯёни Донишкада самимона табрик намуда, дар оянда қуллаҳои баланди варзиширо ба вай таманно доранд.