logo

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА ИФТИХОРИ 29-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолият дар баробари ин ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.   

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

                                                                                                                                                                  

       Дӯстони арҷманд, ҳамкасбон, устодону кормандон, магистрантону докторантон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳамватанони азиз!

       Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.

       Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз маҳсуб меёбад, зеро бо шарофати ин неъмати бадастомада, миллати тоҷик тавонист дар як фурсати кутоҳ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён худро муаррифӣ намояд.

       Барои мардуми сарбаланди тоҷик Истиқлолияти давлатӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ буда, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор фароҳам сохт.

       Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон бахшида, ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қайд намуда буданд, ки “Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳуввияти миллии мо будааст”.

       Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатӣ боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар даҳсолаҳои охир мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

       Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани ҳама чораҳои заруриро баҳри рушду равнақ, тараққиёт, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон тавассути амалисозии стратегияҳои дарозмуҳлат, барномаҳои миёнамуҳлати давлативу соҳавӣ ба роҳ монд.

       Имсол низ, бахшида ба санаҳои таърихӣ  дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон  чандин иншоотҳо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои фараҳбахши замони соҳибистиқлолии кишвар мебошем.

       Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мардуми шарафманди мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбубамон қадам мезананд. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳии мо пайваста рушду такомул меёбад.

       Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуда, онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

       Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву  фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

       Исботи гуфтаҳои боло Интихоботи қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мардуми шарафманди кишвар бо такя ба арзишҳои демократӣ 11-уми октябри соли ҷорӣ барои ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи сокинони он раъйи худро медиҳанд.

        Итминони комил дорам, ки устодону донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ дар қатори  дигар фарзандони бо нангу номуси миллат бо меҳанпарастиву меҳнатдустӣ, муттаҳидиву ягонагии хеш барои ободии сарзамини аҷдодӣ саҳми муносиби хешро мегузоранд, то пояҳои Истиқлолияти давлатиамон боз ҳам қавитар гарданд.

        Бори дигар 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бароятон муборакбод менамоям. Сарбаланду хонаобод бошед!