logo

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОНИ ДОНИШКАДА ДОИР ГАРДИД

       Санаи 4-уми сентябри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро, деканони факултетҳо ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия иштирок намуданд.

 

      Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хоркашов Исломбек Сангакович оғоз карда, дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат нуктаҳои асосие, ки дар самти ҷавонон ироа гардида буданд, иброз доштанд. Ҳамзамон, доир ба фаъолияти Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавонони Донишкада ибрози назар намуда қайд карданд, ки роҳбарияти Донишкада ба кору фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастгирии ҷавонон ва дар рӯҳияи Ватандустиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Ин аст, ки тибқи қарори Шӯрои олимони Донишкада барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 10 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ 20 000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар навбати худ ҷавононро мебояд баҳри иҷрои рисолати худ дар ҷомеа, гиромидошти дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошанд.

      Сипас, раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло доир ба фаъолияти Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада дар соли таҳсили 2019-2020 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2020-2021 гузориш доданд. Зимни гузориши хеш Ҳабибуллозода М.Ҳ. қайд намуд, ки новобаста аз пайдоиши бемории сироятии коронавирус дар охири моҳи апрел дар кишвар, фаъолияти Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада дар сатҳи хуб арзёбӣ гардид. Дар раванди баргузории ҷаласаҳои Шӯро дар баробари баррасии мавзуъҳои гуногун аз ҷониби муҳаққиқони ҷавони Донишкада, баъзе фаъолиятҳои ҷавонони Донишкада низ пайваста баррасӣ мегардид. Фаъолияти ҷавонони Донишкада дар самти иҷроиши  ҳама Нақша-чорабиниҳои Донишкадавӣ баръало эҳсос мегардид.  Дар идомаи гузориши хеш раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада Ҳабибуллозода М.Ҳ. аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки қайд намуда буданд “… дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз наслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад”. Бинобар он,  дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди техника ва техналогияи ҳозиразамон иттилоот ба сифати силоҳи асосӣ барои кишварҳои абарқудрат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошанд.

      Дар ҷараёни баргузории ҷаласа се масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба онҳо қабул карда шуд.

       Дар масъалаҳои ҷорӣ аъзои Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкада барои боз ҳам густариш бахшидани фаъолияти Шӯро таклифу пешниҳодҳои арзишманди худро пешниҳод намуданд.