logo

ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ

       Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳимме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо рӯзи истиқлолияти миллӣ воқеан як рӯзи муборак, таърихӣ ва сарнавиштсоз аст.

       Дар ин росто қобили зикр аст, ки соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар як қавму миллат кори осон нест, вале ҳифз ва таҳким бахшидани он боз ҳам мушкилтар аст. Истиқлолият пеш аз ҳама ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро барои оянда дилгарм месозад, ки ин заминасози талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст.

       Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва торафт дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ таҷлили рӯзи истиқлолияти миллӣ яке аз дастовардҳои муҳим ва бузургтарини тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

       Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

       Бинобар ҳамин, қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати дастоварди бузурги таърихӣ яъне истиқлолияти миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон ба дастовардҳои бузург ноил гашт ва ин дастовардҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии тамоми аҳолии мамлакат шароити созгорро фароҳам сохт ва сохта истодааст.

       Таърих гувоҳ аст, ки дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба сари Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаҳои ниҳоят сангин ва вазнини ба ҳамагон маълум ба вуқӯъ пайвастанд. Баъзе аз қувваҳои нохалаф ва бадхоҳони  миллати тоҷик тамоми фаъолият ва кушишҳои ѓаразноки худро ба он равона мекарданд, ки ин дастоварди бузурги таърихии миллати куҳанбунёд ва тамаддуни тоҷик ба даст оварда нашаванд. Вале хушбахтона  онҳо ба мақсадҳои нопок ва ғаразноки  худ нарасиданд.

       Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иҷтимоиву  иқтисодӣ ва таърихию фарҳангии миллат хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

       Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки истиқлолияти миллӣ бузургтарин неъмат ва муқаддастарин арзиши миллӣ мебошад, ки тамоми пешрафту тараққиёт ва комёбиҳову муваффақиятҳои кишвар, инчунин рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз он маншаъ мегирад.

        Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
        Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд.
        Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.
        Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

       Душвортарин муаммои мо дар зарфи 29 сол ин масъалаи истиқлолияти  энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ  дорад.

       Дар охир чунин хулоса намудан ба маврид аст, ки халқи шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзи таърихи расидааст ва бояд ба қадри истиқлолияти миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳои миллатамон мебошад, бирасем ва онро ҳифз намуда ба наслҳои оянда ҳамчун як мероси бебаҳои таърихи ҳадя намоем.

 

Алишоев Х.Ҳ.мудири кафедраи молия ва андозбандии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат