logo

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ҲАДЯИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ БАРОИ ТОҶИКОН

       Аҷдодони мо барои истиқлолияти давлатӣ ба муқобили аҷнабиён мардонавор ҷангидаанд. Ба ин муборизаи озодихоҳона бо сарварии Спитамен ба муқобили забткорони юнону мақдунӣ, бо сарварии Муқаннаъ ба муқобили забткорони араб, бо сарварии Темурмалик ба муқобили забткорони муғул ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.

       Гузаштагони мо поягузори аввалини империя дар таърихи инсоният – Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо (550-330 то милод), тараққикардатарин давлат дар замони то забти арабҳо – Шоҳаншоҳии Сосониён (солҳои 224-651) буданд. Маҳз аҷдодони мо, тоҷикон – асосогузори яке аз қадимтарин динҳо – дини зардуштӣ (ба вуҷудоияш асрҳои Х-1Х то милод) ва китоби  муқаддаси “Авесто” ва ғайраҳо мебошанд.

      Дар таърихи гузашта аҷдодони мо ба монанди давлатҳои Сомониён (солҳои 819-999), Ғуриён (солҳои 1147-1215), Куртҳои Ҳирот (солҳои 1245-1381), Сарбадорони Сабзавор (солҳои 1313-1393), Музаффариҳо ва ғайраҳо, давлатҳои соҳибистиқлол доштанд. Вале бо ном “Тоҷикистон” маҳз дар замони Шӯравӣ (солҳои 1917-1991 Давлати Шӯравӣ вуҷуд дошт) таъсис ёфтааст ва он маҳсули ҳалли масъалаи миллӣ аз тарафи ҳизби болшевикии Русия мебошад.

      Соли 1924 бо душвориҳои хело зиёд Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва он соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт. Ин ҳар ду воқеа барои тоҷикон тақдирсоз мебошанд. Зеро, агар ҶМШС Тоҷикистон намешуд, ҶШС Тоҷикистон ҳам ташкил намеёфт. Ниҳояд, агар ҶШС Тоҷикистон намешуд, соли 1991 Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъсис намеёфт.

      Таъсиси ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолро аз ҳисоби ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС — СССР), маҳз барҳамхурии ин Иттифоқ тезонид. Кўшишҳои пойдор  нигоҳ доштани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии сотсиалистӣ (ИҶШС) дигар самараи хубе надоданд. Нобарор анҷом ёфтани кўшиши  табадуллоти давлатии моҳи августи соли 1991 (яъне, ГКЧП), суръати парокандашавии ҷумҳуриҳои иттифоқиро тезонид. Дар натиҷа, ҷумҳуриҳои иттифоқие, ки ба ҳайати Иттиҳоди  Шўравӣ дохил буданд, пайиҳам истқлолияти давлатии худро эълон карданд.

       9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад. Ин иҷлосия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи (Қонуни асосии) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд.

       Аз ҷумла, дар Изҳорот тағйиротҳои дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба амал омадаро ба назар  гирифта, «бо назардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон» таъкид гардидааст: «Шўрои Олӣ истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Ин изҳорот аз хусуси дар заминаи собиқ яке аз ҷумҳуриҳои Шўравӣ будён гардидани давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ буд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави  мустақил  бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.

      Инак, баъди 9 сентябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Дигар давлатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳам Ҷумҳурии Точикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд. Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналхалқӣ ҳамчун фиристодаи давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегарданд. Вай аллакай 2 — юми марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гардид. Бинобар ин бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо эълони  истиқлолият, чуноне  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид  мекунанд, «орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт.  Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрўза мебошад».

 

Намоз Ҳотамовпрофессори

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат