logo

АҲАМИЯТИ ИНТИХОБОТ ДАР ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувори меъёрии ҳуқуқии интихобот ҳамчун институти алоҳидаи ҳуқуқи конститутсионӣ гузошта шудааст. Аз ҷумла, масъалаҳои муҳимтарини ҳуқуқии марбут ба интихобот дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 21.07.1994, №1042), «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 10.12.99с, №856)», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои  маҳаллии вакилони халқ (аз 10.12.99с, №858)» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.

       Ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар кишварҳои гуногун бо ду тарзи асоси таъсис дода мешавнд. Якум, бо роҳи интихобот ва дуюм бо роҳи таъйин кардан. Ба воситаи интихоб вазифаву мансабҳои олии давлатӣ дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ ишѓол карда мешаванд. Масалан, ба воситаи интихоботи бевосита яке аз палатаи Маҷлиси Олӣ — Маҷлиси намояндагон ва сарвари давлат — Президент интихоб мешаванд.

       Интихоботи президентӣ дар фарҳанги давлатдории мо, қайд менамояд профессор Махфират Хидирзода узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми махсуси худро соҳиб буда, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ баргузор мегардад.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

       Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.

       Интихобот кафолати эътирофи халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва таъминкунандаи демократияи бевосита мебошад.

       Шахсоне, ки дар сатҳи давлатӣ — халқ ҳокимияти худро ба онҳо бовар мекунад ва ба воситаи онҳо ҳокимияти давлатиро ба амал мебарорад, ин пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ба ин муносибат дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки аз номи халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаҳои якҷояашон ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

       Воқеан, интихобот яке аз шаклҳои асосии изҳори иродаи халқ мебошад. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Шаҳрванде, ки ба боварии халқ сазовор гардидааст, вакили ўст ва аз номи халқ идораи давлатро анҷом медиҳад.

       Яке аз воситаҳои ба тарзи демократӣ баргузор гардидани интихобот ин иштироки ҳизбҳои гуногун дар ташкил ва баргузории он мебошад.

       Мувофиқи маълумотҳои дарҷгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро барои ишѓол намудани мансаби президентӣ, ки 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, пешниҳод намудаанд.

       Ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ имконияти баробар дода шудааст, то ки дар ҳамаи давраҳои маъракаи интихобот намояндагони онҳо фаъолона иштирок намоянд. Интихоботи бисёрҳизбӣ дар шароити муборизаи байни номзадҳо сурат гирифта, шаҳрвандон имконияти воқеии шинос шудан ба барномаи номзадҳои ҳизбҳои гуногунро доранд. Аз ҷумла, васоити ахбори омма вазифадор аст, ки ҳамаи номзадҳоро баробар ташвиқу тарѓиб намоянд.

       Муборизаи номзадҳо дар интихобот, ки аз рўйи қоидаҳои эътирофшуда сурат мегирад, барои ба даст овардани суботу тартиб дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

 

 

Хоркашов И.С., Нодиров Ф.М. –

устодони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат