logo

ВОХӮРИИ СУДМАНД

       28 августи соли 2020 дар доираи Нақшаи-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, доир ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва баррасии сатҳи ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва ноболиғон  чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Дар раванди баргузории чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҶТ полковники милитсия Мусозода Маҳмадалӣ Абдусаттор, сардори шуъбаи раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҶТ полковники милитсия Икромзода Манучеҳр Икром, муовини сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе полковники милитсия Ализода Маҳмадрасул Холназар, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе капитани милитсия Мусоев Иззатулло Абдуллоевич, сардори МХМ ШВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ-1 подполковники милитсия Самадов Маҳмадалӣ Самадович ва устодону донишҷӯёни донишкада иштироки намуданд.

      Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хоркашов И.С. ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти Донишкада иштирокчиён ва меҳмононро ба Донишкада  хайрамақдам гуфтанд. Ташкили чунин чорабиниро Хоркашов И.С. аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур ва муҳим арзёбӣ намуда, саҳми кормандони Вазоратро дар қатори дигар ташкилоту идораҳо дар раванди пешгирӣ ва интиқоли бемории коронавирус COVID-19 бориз арзёбӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои аввали хуруҷи бемории  сироятии коронавирус COVID-19 аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз баста шудани роҳҳо тариқи хатсайрҳои чартерӣ ба маблағи беш аз 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расонида шуданд. Пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти ҳама давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварои мо  низ таъсири манфии худро расонид ва таъсири он ҳанӯз ҳам идома дорад, ки дар чунин шароит Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст намудани таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти кишвар як силсила тадбирҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ намудааст.

      Сипас, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҶТ полковники милитсия Мусозода Маҳмадалӣ Абдусаттор баромад намуда, қайд карданд, ки новобаста аз чорабиниҳои алоҳида ва муштараки аксарияти кишварҳои ҷаҳон паҳншавии бемории сироятии коронавирус  COVID-19 то ҳол авҷ гирифта истодааст. Қариб дар ҳамаи давлатҳои дунё мавҷи навбатӣ ва хуруҷи дуюмбораи ин беморӣ ба назар мерасад.

       Вобаста ба вазъяти баамаломада аз рӯзҳои аввал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар ҷиҳати пешгирии паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус чораҳои таъхирнопазир роҳандозӣ ва амалӣ карда шуда истодааст. Аз ҷумла, доир ба пешгирии ин бемории фоҷиаовар бо роҳбарии Сарвазири кишвар, муҳтарам Қоҳир Расулзода “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус тавсияҳои Пешвои муаззами миллат  пеши роҳи паҳншавии ин беморӣ то андозае гирифта шуд.

      Инчунин Мусозода М.А. аз иштирокчиён хоҳиш ва талаб карданд, ки барои ҳифзи саломатии худ ва дигарон, аз ҷумла аҳли оила талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба таври қатъи риоя намуда, дар ин росто барои пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ қоидаҳои заруриро ба таври ҳатмӣ риоя кунанд.

      Дар охир  муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада Хоркашов И.С. ба меҳмонон барои иштирокашон арзи сипос намуда,  аз иштирокчиёни чорабинии мазкур хоҳиш карданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқоби худмуҳофизатӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, мунтазам бо собун ва дигар маҳлулҳои антисептикӣ шӯстани дастон, бо даст салом накардан ва ба оғӯш нагирифтани ҳамдигар ва дигар қоидаҳои заруриро ҳатман риоя намоянд.