logo

ДАР ТАРБИЯИ ШОГИРДОН САҲМГУЗОР БОШЕМ

       Талаби Президент ва Ҳукумати кишвар дар бораи ҳаматарафа ҷалб намудани омӯзгорони пуртаҷрибаву соҳибхирад ба муассисаҳои таълимӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар айни замон соҳаи маориф мавриди таваҷҷӯҳи махсуси Роҳбарияти давлат қарор дорад. Албатта ин бесабаб нест. Зеро, ояндаи ҳар як давлат пеш аз ҳама ба тарбияи насли ҷавон вобаста буда, масъалаи мазкур дар айни замон ба яке аз масъалаҳои асосӣ ва ниҳоят мубрами рӯз табдил ёфтааст.

       Омўзгор низ мисли боғбон аст. Агар боғбон ба ҳар ниҳол сари вақт нигоҳубин кунад, ниҳол хуб нашъу намо меёбад ва дар оянда самараи хуб медиҳад. Ҳар навниҳоле, ки аз боғи маърифати омӯзгорон барои оянда пешниҳод мегардад, бояд хуб инкшоф ёфта самараи хуб диҳад ва фардо дар рушди ниҳолҳои дигар саҳмгузор бошад.

       Дар Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар, аз ҷумла ба табақаи зиёиён муроҷиат намуда, дастур доданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба тарбияи насли наврас диққати махсус дода шавад.

       Воқеан муносибат бояд аз ду тараф бошад. Маблағгузориҳои зиёди солҳои охир ба соҳаи маориф, сохта ва ба истифода додани садҳо муассисаҳои таълимии нав, ҳавасмандкунии омӯзгорони Ҷавон, ба тариқи имтиёз бо замин таъмин намудани онҳо худ далели онанд, ки Ҳукумати кишвар барои дар сатҳи баланд тарбия намудани донишҶўён ҳама шароитҳои заруриро фароҳам оварда истодааст.

       Чунин ташаббусҳои Сарвари давлат дар тамоми кишвар мавриди пуштибонии омӯзгорон қарор гирифт. Зеро, вазифаи мо омўзгорон нахуст аз он иборат аст, ки сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дастгирӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани он ҳама кўшишу ғайрати худро ба кор андозем.

       Бо ин мақсад мо ҳайати илмӣ-педагогии факултети молия ва қарзи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳама кӯшишро ба харҷ дода истодаем, ки хатмкунандагони мо чун фарзандони сазовори халқу ватани худ ба воя расанд ва дар рушду нумӯи ин кишвар, ки ғамхори онҳост, саҳмгузор бошанд. Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат дар соҳаи маориф дар факултети молия ва қарзи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо такя ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати махсус дода шудааст. Зеро, пас аз аз қабули қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо омӯзгорон, балки падару модарон низ водор гардиданд, ки аз дониш, рафтор ва кирдори фарзандонашон сари вақт бохабар бошанд. Қонуни мазкур боз як бори дигар шиори «Мактабу оила бо ҳам тавъманданд»-ро дар ҳаёт исбот кард.

       Бо ин мақсад омӯзгорони факултети молия ва қарзи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат якчанд роҳҳои тарбияи шогирдонро дар ҳамкорӣ бо падару модарон ба роҳ мондааст. Нахуст сарпарастони гурўҳҳои таълимӣ-академӣ бо донишҷуёни сустхон ба таври алоҳида кор мебаранд ва дар дарсҳои тарбиявӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзў менамоянд.

       Инчунин, сари вақт бо ҷалби волидайн (сарпарастон)-и гурўҳҳои таълимӣ-академӣ машваратҳо гузаронида шуда, барои пешравиашон хеле кӯшишҳо анҷом дода мешаванд. Зеро қонун барои боз ҳам зич намудани ҳамбастагии омўзгорон, алалхусус, куратор-сарпарастони гурўҳҳои таълимӣ-академӣ бо падару модари донишҷўён ҳамеша қобили дастгирӣ аст ва дар заминаи чунин ҳамкорӣ натиҷаи дилхоҳ аллакай ба даст омадааст. Натиҷаи чунин ҳамкории волидайну донишҷуён ва ба таври дуруст ба роҳ мондани тарбияи насли наврас буд, ки дар айни замон Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба яке аз муассисаҳои таълимии касбии олии беҳтарини шаҳри маҳбубамон табдил ёфтааст.

       Мавзӯи дигаре, ки аз тарафи сарпарастони факултети молия ва қарз ба он диққати махсус дода мешавад ин пеш аз ҳама дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани донишҷуён мебошад. Маҳз дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани донишҷуён онҳоро барои масъулияти бештар ҳам дар омӯзиш ва ҳам дар иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъияти ба масъулияти бештар водор менамояд. Зеро донишҷўён медонанд, ки иштироки фаъолонаи онҳо дар конфронсу викторинаҳо, олимпиадаҳои ҷумҳуривӣ на танҳо ба нафъи худи онҳо, балки боиси болоравии обрӯи муассисаи таълимӣ миёни дигар муассисаҳои олӣ хоҳад гашт. Ҳар як ифтихорнома, мукофот ва медалҳое, ки донишҶўён мегиранд ин ифтихори на танҳо волидайн, балки ифтихори факултет ва муассисаи таълимӣ низ ҳаст.

       Дар дарсҳои тарбиявӣ дар дар факултети молия ва қарз инчунин ба тарбияи меҳнатӣ, ахлоқу одоб, тарбияи эстетикии донишҷўён диққати махсус дода мешавад. Бояд зикр кард, ки маҳз тарбияи меҳнатӣ ва эстетикӣ барои инкишофи ҳаматарафаи донишҷўён зарур аст. Зеро зебогии муҳити атроф, тозаву озода нигоҳ доштани он ҳатто ба фаъолияти эҷодии донишҷўён таъсири мусбат мерасонад.

       Фаромӯш набояд кард, ки дар даврони истиқлолият насли навраси тоҷик, дар муассисаҳои замонавии бо техникаю таҷҳизотҳои нав муҷаҳҳазонидашуда, дар синфхонаҳои барҳаво таълим гирифта истодаанд ва ин имконияти онҳоро барои омӯзиш хеле бештар мегардонад.

       Дар ҷамъбасти ин гуфтаҳо мехоҳам суханони сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро орам, ки дар яке аз баромадҳои худ гуфта буданд: «Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд»

       Пас, падару модар, омӯзгорон ва ҳар як фарди солимро лозим аст, ки аз тарбияи фарзанд дур набошанд. Чунки ояндаи миллати тоҷик ба тарбияи насли наврас вобаста аст. Онҳо созандагони ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшони миллат ҳастанд.

 

 

Сафоев АбдумаҶид Каримович

декани факултети молия ва қарзи

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат