logo

ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН

     Истиқлолияти миллӣ, ин  марҳилаи сифатан нави рушди сиёсӣ ва неъмати  заминие мебошад, ки ба туфайли он  миллатҳо соҳиби ҳокимияти олӣ, озодии комили сиёсӣ,  имконияти воқеии мувофиқи салоҳдиди худ, мустақилона ва бе дахолати қувваҳои бегона қабул кардани қарорҳои сиёсӣ, ташкил ва ҳаллу фасл кардани масъалаҳои дохилию берунии ҳаёти худ мегардад.

     Меъёри асосии Истиқлолияти миллӣ ин муносибати байни шаҳрвандон ва давлат, муносибати давлат бо кишварҳои хориҷӣ ба кӣ тааллуқ доштани ваколати қабули қарорҳои сиёсӣ, муайян намудани муҳтаво, мазмуну мундариҷаи онҳо ва пешомади рушди ҷомеа мебошад. Истиқлолияти миллӣ аз ду қисм- дохилӣ ва хориҷӣ таркиб ёфта, ин ду ҷабҳаи як раванде мебошад, ки яке бе дигаре комил буда наметавонад. Дар ин робитаи ногусастании тарафайн нақши истиқлолияти дохилӣ ҳалкунанда аст.  Истиқлолияти дохилӣ шарт ва марҳилаи муҳимтарини раҳоӣ ёфтан аз дастнигарӣ, қафомондагии иҷтимоию иқтисодӣ, барҳам задани зулму истибдоди қавмию миллӣ, нажодию динӣ, таъмини баробарию бародарии намояндагони халқҳои гуногун ва рушди устувору бемайлони ҳаёти онҳо мебошад. Дастоварҳои истиқлолият дар дохили мамлакат заминаи боэътимод барои ба даст овардани  мавқеи шоиста дар арсаи байналмилалӣ, дар мадди аввал гузоштан ва бодарназардошти амнияти миллӣ ҳал кардани масъалаҳои ҷаҳонӣ мебошад.

      Маҳфуми Истиқлолияти миллӣ назар ба  мафҳуми “истиқлолияти давлатӣ” ва “истиқлолитяти халқ”  васеътар буда, ғайр аз масъалаҳои сохтории як ниҳод ва як умумияти қавмӣ доираи васеи  масоили дигари ҳаёти дохилию хориҷии мамлакатро дар бар мегирад.

     Андешаи Истиқлолияти миллӣ таърихи қадима дошта, аз таълимоти мутафаккирони бузурги Юнони қадим Арасту  ва Шарқ А. Фирдавсӣ, Ал- Форобӣ, А. Ҷомӣ маншаъ гирифта,  дар афкори  сиёсии Ж.Боден, Т.Гоббс, Ж.Ж.Руссо, А.Дониш ва дигарон идома ва  дар доираи назарияҳои табию ҳуқуқии истиқлолияти халқ (Г. Гротский)ва  бузургии парламент (Г. Блекстон, А. Дайси) сайқал дода шудааст. Истиқлолияти миллӣ дар  раванди муборизаҳои озодихоҳӣ, алалхусус мубориза барои ба даст  овардани истиқлолияти давлатӣ дар мамолики Аврупо, Амрико, Шарқу Африқо мазмуну мундариҷаи нав пайдо кардааст. Агар дар ибтидо истиқлолият маънои комилҳуқуқии ҳокимонро ифода мекард, баъдан барои ифодаи иродаи халқи давлат- миллат, яъне Истиқлолияти миллӣ истифода мешавад. Дар  Эъломияи ҳуқуқи башар (1789) ва Конститутсияи Франсия (с.1871) навишта шудааст, ки “истиқлолият ягона, тақсимнашаванда ва  тобеъ буда, ба халқ тааллуқ дорад”. Моддаи 1 Эъломияи Созмони Миллали Муттаҳид “эҳтиром ба  принсипи ҳуқуқҳои баробар ва худмуайянкунии миллатҳо”- ро ба сифати яке аз  ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Дар моддаи 1 Эъломияи умумӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон (с.1948) таъкид карда шудааст, ки иродаи халқ, ки дар натиҷаи  овоздиҳӣ  баён ёфтааст, ба заминаи қонунӣ будани ҳокимият табдил меёбад.

     Вале  таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки дар гузашта халқ ҳеҷ гоҳ соҳиби ҳокимияти олӣ ва истиқлолияти воқеӣ набуд. Яке аз сабабҳои асосии мубориза барои озодӣ, баробарӣ, адолат ва истиқлолият, ки дар тӯли тамоми таърихи ҷомеаи инсонӣ давом  дорад, низ дар  ҳамин аст. Истиқлолияти миллӣ на  фақат барои ба даст  овардани  озодӣ  ва мустақилият, ҳифзи халқи худ аз нобудшавӣ, балки барои  ташкили зиндагии осуда ва инсонона, эҳёи арзишҳои маънавии ниёгон, рушди фарҳангу забони миллӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат муҳим аст. Истиқлолияти миллӣ ва асолати миллӣ маҳфумҳои ҷудонопазиранд.

     Таърих гӯвоҳ аст, гузаштагони тоҷикон дар тӯли қарнҳо барои ноил шудан ба ин ҳадаф мубориза бурдаанд. Ба туфайли набардҳои шадид, онҳо тавонистанд, ки  озодӣ, шаъну шарафи кишвар  ва халқи худро ҳифз намоянд. Имрӯз миллати тоҷик  бо фарзандони шуҷоъи худ Бобак, Спитамен, Абумуслим, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, сулолаҳои Ғуриёну Сарбадорон, ки дар роҳи озодию истиқлолият, ҳифзи фарҳангу  забон ва расму русуми худ ҷонбозиҳо кардаанд, ифтихор  менамояд.Ташкили давлатҳои сулолаи Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён ва Сарбадорон натиҷаи рӯҳияи истиқлолиятхоҳиши гузаштагони тоҷикон дар тӯли асрҳои VIII-XIV м. буд. Баъди шикасти давлатҳои мазкур ва мудати тӯлони зер салтанати қавмҳои турктабор қарор доштан, тоҷикон муборизаи худро аз махлут шудан бо қавмҳои бегона ва ҳифзи арзишҳои маънавии худ дар шаклҳои гуногун – ҳарбӣ, фарҳангӣ ва динӣ идома доданд. Нигоҳ доштани  шакли  идораи давлатдории Сомониён, дар аксар вазифаҳои масъули давлатӣ кор кардани тоҷикон, забони давлатӣ ва дафтардорӣ будани забони тоҷикӣ аз ҳамин далолат мекунад.

     Инқилоби солҳои 1905-1907, ки таҳти шиори бунёди ҷумҳурии демократӣ, озодӣ ва баробарии қавму миллатҳои мазлуми қаламрави Россияи подшоҳӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ба рӯҳияи озодихоҳии мардуми Осиёи Марказӣ низ таъсири файзбахш расонид. Дар аксар шаҳру навоҳиҳои ин  минтақа ҷунбишҳои инқилобӣ сар заданд. Бо вуҷуди шикаст ин ҷунбишҳо дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ, худогоҳии миллӣ ва бедории синфии қишрҳои фаъоли ҷомеа нақши муассир гузоштанд. Пайдоиши равияҳои мафкуравии маорифпарварӣ, ваҳобӣ ( панисиломия), пантуркизм ва ғ. аз ҳамин гувоҳӣ медод. Танқиди беамонӣ ноқисиҳои ҷомеаи патриархалию феодалии аморати Бухоро, ошкор кардани сабабҳои дар сатҳи паст қарор  доштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию маънавии кишвар ва пешниҳоди роҳҳои нав ва  самаранокии ташкили давлатдорӣ ва ҳаёт, руҳияи озодандешӣ ва инқилобии мардуми заҳматкашро қувват дод. Дар пешгоҳи ин муборизаи мафкуравӣ маорифпарварон А. Дониш, М. Иқбол, С. Зиё, Савдо, Ҳайрат, Асирӣ ва Шоҳин қарор доштанд.

    Воқеаи муҳимтарини таърихие, ки барои истиқлолияти минбаъдаи халқи тоҷик ва рушди иҷтимоии он заминаи боэътимод гузошт, ин соли 1917 дар Россия ғалаба кардани инқилоби Сотсиалистии Октябри Аъзам ва сарнагун шудани ҳокимияти мутлақи подшоҳии Рус ва барпо гардидани ҳокимияти сиёсии заҳматкашон дар симои синфи коргару деҳкон буд.

    Дар заминаи ин тағйиротҳои сиёсӣ ва бо дастгирии халқи рус ғалабаи  Инқилоби халқию демократӣ дар  аморати Бухоро таъмин карда шуд. Барпо шудани ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ барои татбиқи сиёсати миллии ленинӣ ҷиҳати ба халқҳои Россия додани ҳуқуқи худмуайянкунӣ то ба дараҷаи ҷудошавӣ ва  ташкили давлатҳои алоҳида, аз байн бурдани ҳамагуна имтиёз ва  маҳдудиятҳои миллӣ, таъмини  рушди озодонаи ҳамаи миллатҳои хурд ва  гурӯҳҳои қавмӣ шароити мусоид фароҳам овард.

    Яке аз масъалаҳои калидии ин  сиёсат тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Марказӣ ва ташкили давлатдории қавму миллатҳои ин сарзамин буд, ки дар раванди татбиқи он муқобилат ва  муборизаи шадиди ходимони давлатӣ ва зиёиёни турктабору туркгашта дар масъалаи ба тоҷикон додани ҳуқуқи ташкили давлати  алоҳида сар шуд. Онҳо ба ҳар роҳу восита таъриху фарҳанги қадима доштани тоҷикон ва вуҷуд доштани чунин халқро бо номи “тоҷик” инкор карда, онро  омехтаи қавмҳои эронинажоду турк меҳисобиданд. Ба туфайли талошҳои фарзандони барӯманди тоҷик С.Айнӣ, Н.Махсум, Ш.Шотемур, Ч. Имомов, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Б.Ғафуров ва  садҳо дигарон ҳуқуқи қонунии ин халқ ба  давлатдорӣ таъмин карда шуд. Бо  қабул карда шудани қарори Бюрои Сиёсии КМ ҲКР (РКП (б)) “Дар бораи тақсимоти миллии республикаҳои Осиёи Миёна” аз 12 июни соли 1924 дар харитаи ҷаҳон  рӯзи 14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон ва 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Ин бузургтарин дастоварди ғалабаи иқилоби Октябри Аъзам ва тантанаи сиёсати миллии ленинӣ буд. Ин музаффарият ба заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқии истиқлолият ва озодию баробарии қавму миллатҳои ин сарзамин табдил ёфт. Истиқлолияти давлат ба Истиқлолияти миллӣ ибтидо гузошт, зеро ки давлат шарти зарурии ҳамчун миллат ташаккул ёфтани халқ ва халқ нерӯи бузурги рушду нумӯъ ва таҳкими пояҳои давлат мебошад. Бо амри тақдир тоҷикон баъди ҳазор сол боз соҳиби давлати худ гаштанд ва дар як  мудати кӯтоҳи таърихи дар  мубориза ба душманони сохти нави ҷамъиятӣ, дарҳам шикастани тартиботи пӯсидаи асримиёнагии феодалӣ, навзосии тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, иҷтимоию иқтисодӣ ва  фарҳангии худ ба комёбиҳои беназир ноил шуд ва  барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ имкониятҳои воқеӣ ба миён оварданд. Дар  тӯли 73 соли мавҷудияти ҳокимияти шӯравӣ миллати тоҷик халқи кӯҳанбунёд, давлатдор ва  тамаддунофарин будани худро ба ҷаҳониён собит намуд. Эҳёи давлатдории тоҷиконро бе кӯмаки беғаразона ва башардӯстонаи моддию техникӣ, молиявӣ, кадрӣ ва фарҳангии халқи рус, иштироки бевоситаи намояндагони миллату қавмҳои Иттидоҳи Шӯравӣ тасаввур кардани амри муҳол ” буд. Агар ташкили Иттиҳоди Шӯравӣ ба эҳёи миллати тоҷик мусоидат карда бошад, заволи он боиси ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ-и комил гардид. Акнун  миллатҳои собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ки  барои мувофики табъ ва шавқу завқи худ ташкил кардани зиндагӣ, ҳаллу фасли масоили дар тӯли даҳсолаҳо ба миён омада, эҳёи асолати миллӣ ва арзишҳои маънавии ба гӯшаи  фаромӯшии таърих рафта имкониятҳои воқеӣ пайдо намуданд.

    Аксари мутлақи онҳо аз ин шароити қуллаи моҳирона ва оқилона истифода бурда, аз як гиребон сар бароварданд ва барои  мустаҳкам намудани  пояҳои давлатдории миллӣ ва аз моликияти фаровони шӯравӣ гирифтани ҳаққи худ муборизаро сар карданд. Тоҷикон бошанд, дар чунин лаҳзаи ҳасоси таърихӣ ба  қисмҳо тақсим шуданд. Қисме аз онҳо, махсусан ғаразҳои сиёсидошта, молу сарватеро,ки барои  таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ муҳим буданд, як сӯ монда, муборизаро барои ташкили ҳизбу ҷунбишҳои  моҳияти минтақавидошта, майдоннишинӣ ва ба сари қудрат омадан оғоз намуданд, қисми дигари нерӯҳои сиёсӣ, алалхусус коммунистони баландпоя, қишрҳои аз фарҳанг, забон ва тарбияи миллӣ дурмонда ва  иттиҳодияҳои  фарҳангии ақкаллиятҳои миллӣ, ки хоҳони эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ ва зидди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буданд, барои аз сари нав баргаштан ба сохти сотсиалистӣ талош меварзиданд.

    Бесалоҳиятӣ ва ноӯҳдабароии собиқ роҳбарони  сиёсӣ вазъи мураккаби ба миён омадаро боз ҳам муташаниҷ ва норавшан гардонида буд. Бешак, ҳам нерӯҳои ҳокимиятҳо ва ҳам эҳёгарони сохти шӯравӣ аз хориҷа  хоҷагони пӯштибон, маблағгузор ва ҳидояткунандаи худро доштанд. Ба сангархои ба ҳам муқобил тақсим шудани мардуми тоҷик далели паст  будани  сатҳи  ҳуввияти миллӣ ва  истиқлолиятхоҳӣ, фарҳанги  сиёсӣ ва боло гирифтани  манфиатҳои қавмию авлодӣ буд. Дарк карда натавонистани моҳияти ин лаҳзаи тақдирсоз ва оқилона истифода бурда натавонистани  истиқлолияте, ки ҳадяи тақдир буд, ҳамзамон аз он шаҳодат медод, ки тоҷикон аз таҷрибаи талхи шикасти давлати аҳди Сомониён ва талошҳои босмачиён барои ба қисмҳо тақсим кардани ҳудуди давлати тозабунёд дар солҳои 20 асри XX хулосаи даркорӣ   набароварданд.

   Ҳамаи ин дар ниҳояти кор  боиси сар задани  ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар натиҷа  ба мамлакат хисороти гӯшношуниди моддию  молиявӣ ва ҷонию равонӣ расонида шуд. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии ин моҷарои сиёсӣ барқароршавандаанд, вале талафотҳои ҷониву равонии он асрҳо ҳамчун доғи сиёҳ дар дилу дидаи мардум боқӣ хоҳад монд. Хавфи аз ин ҳам ҷиддитаре , ки дар давраи моҷарои сиёсӣ ба миён омад, ин ҳамчун миллат ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон боқӣ мондани Тоҷикистон буд. Мураккабии вазъи сиёсии ҷомеа, фалаҷ гардидани фаъолияти мақомотҳои қудратӣ ва ба гирдоби хараҷу мараҷ ва ноӯмедию норавшаниҳо гирифтор шудани ҷомеаи тоҷик зарурати машварат ва қабули қарорҳои қатъию фаврии сиёсиро ба миён овард. Бо дарназардошти  вазъи мураккаби сиёсии пойтахт 16 –уми ноябри соли1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардидани. Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи Истиқлолияти миллӣ ва соҳибихтиёрии давлати тоҷикон  нақши муассир ва тақдирсоз бозид. Зеро ки дар он, бояд масъалаҳои ҳаётан муҳим- интихоби  сарвари нави сиёсӣ, дарёфти роҳҳои бештар самараноки ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат, тағйири низоми идораи давлатӣ ва қабули рамзҳои давлатӣ ҳаллу фасл карда мешуданд.

    Умдатарин масъалаи ин ҷаласа интихоби роҳбари нави сиёсие буд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат сулҳу оромиро дар саросари кишвар таъмин карда метавонист.

   Таҷрибаи баъдина нишон дод, ки вакилони халқ ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-ум дар кори пешбарӣ ва интихоби Имомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари сиёсӣ ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накардаанд. Роҳбари ҷавони сиёсӣ ба нерӯҳои солими ҷомеа такя карда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар кори  аз вартаи парокандагӣ баровардани мамлакат, ба ҳам овардани сангарҳои ба ҳам муқобил, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ, ислоҳи низоми давлатдорӣ, аниқтараш гузариш аз низоми президентӣ ба низоми парламентии идораи давлатӣ комёбиҳои умедбахш ба даст овард. Дар мамлакат  фароҳам омадани  заминаҳои мусоиди сиёсӣ барои ба даст овардани оштии миллӣ, барқарор кардани сулҳу салоҳ, таъмини  амнияти шарҳвандон ва назму низом дар ҷомеа, аз бӯҳрони амиқи  иҷтимоию иқтисодӣ, молиявию ҳуқуқӣ ва  фарҳангию равонӣ баровардани мамлакат имконият дод. Дар ин давра як силсила чорабиниҳои бузурги сиёсию таърихӣ ва илмию фарҳангӣ ба хотири  ба ҳам пайвастани гузаштаю имрӯзаи тоҷикон, эҳёи хотираи таърихӣ, бедорию ҳуввияти миллӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёду  куҳантамаддун, давлатдориу ватандор ва бунёдкору эҷодкор дар сатҳи баланди идеявию ташкилӣ амалӣ карда шудаанд.

   Ба  туфайли ин маъракаҳои муҳими давлатию фарҳангӣ пояҳои ҳуқуқию сиёсӣ ва  фарҳангии Истиқлолияти миллӣ мустаҳкам гардида, нуфӯзу эътибори байналмилалии Тоҷикистон боло рафт. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз110 мамлакати дунё муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ мондааст, ки ин далели аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ этироф гардидани Истиқлолияти миллӣ-и ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин асос як қатор ислоҳотҳои ҷиддӣ дар соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф ва сохторҳои сиёсии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонида шудаанд. Роҳи иқтисодиёти, озоди бозоргониро пеш гирифтан, ғайридавлатӣ кунонидани моликият ва озод кардани нархҳо, пайдоиши гуногуншаклии моликият, қувват гирифтани ҳавсмандии бахши хусусӣ ва рақобати солим дар бозори моли ватанӣ ба муҳаё шудани муҳити хуби сармоягузории хориҷӣ мусоидат намуд. Қабул карда шудани конститутсияи давлати Тоҷикистон, гузаштан ба низоми президентии идораи давлат, ташкили парламенти дупалатагӣ, мақомотҳои нави ҳокимият-Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар зерсохторҳои ҳокимиятӣ давлатӣ, гузариш ба таҳсили бисёрзинагӣ дар соҳаи маориф, хизматрасонии ғайриройгон дар соҳаи таълиму тарбия, тандурустӣ ва дигар бахшҳо муҳимтарин тағйиротҳое буданд, ки ба муносибатҳои нави  иқтисодӣ, бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва ворид шудан ба фазои ягонаи хоҷагии ҷаҳонӣ тақвият бахшиданд. Дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ нақши сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои баробар ва муфиди тарафайн бо давлатҳои хориҷӣ ва ба даст овардани ҳадафҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ нигаронида шудааст. Таҳкими ҳамкорӣ бо мамлакатҳои аъзои ИДМ, СҲШ ва Маркази зиддитеррористӣ, рушди муносибат бо мамлакатҳои аврупоӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо, дар сатҳи зарурӣ тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ бо ШМА ва дигар давлатҳои Ғарб ва мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Покистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Филиппин, Эрону Афғонистон аз қабили  самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошанд, ки барои таъмини Истиқлолияти миллӣ, оромии сиёсӣ, рушди иқтисодиёт ва ба даст овардани ҳадафҳои стратегии мамлакат аҳамияти муҳим доранд.

    Файзи ҳамин дастовардҳо буд, ки имрӯз дар соҳаҳои илму маориф, саноату кишоварзӣ, фарҳангу тиб, энергетикаю роҳсозӣ садҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо маблағи миллионҳо доллари амрикоӣ татбиқ шуда истодаанд. Барои Истиқлолияти миллӣ дастовардҳои  ҷумҳурӣ дар кори зиёд кардани ҳаҷми номиналии маош, ҳаҷми миёнаи нафақа, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, зиёд кардани маоши кормандони мақомоти ҳокимияту идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, соҳаи маориф, илму фарҳанг, варзишу тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, идрорпулии донишҷӯён ва музду меҳнати  ҳади аққал нақши муҳим доранд. Дар партави ин комёбиҳо имконият пайдо шуд, ки дар солҳои наздик нафақат се ҳадафи афзалиятноки миллӣ ҳамчун роҳи стратегии рушди ҷомеаи тоҷик дар амал татбиқ карда шаванд, балки  ҳадафи — чорум ба ҷумҳурии саноатию кишоварзӣ табдил додани Тоҷикистон ба миён гузошта шавад.

   Раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва азим, таъмини амнияти озуқаворӣ бо роҳи аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва аз истифода монда, қувват додани иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳои соҳаи кишоварзию саноатӣ ва таъмини афзалияти соҳаи саноат Истиқлолияти миллӣ–ро комил мегардонад.

    Барои пойдории пояҳои Истиқлолияти миллӣ на фақат нақши омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, балки ҷойгоҳи омилҳои маънавию равонӣ низ муассир аст.

    Буданд қавму халқҳое, ки давлат, истиқлолият ва ҳатто империяҳои бузурги худро доштанд, вале ба асари надоштани сатҳи зарурии фарҳанги сиёсӣ, алалхусус худшиносии миллӣ ва ҳисси ифтихор аз соҳибистиқлолию озодӣ давлату сарзамини худро аз даст додаанд. Таҷрибаи талхи давлатдории тоҷикон дар замони сомониён, солҳои 20-ум ва 90-уми асри ХХ далели тасдиқи ин фикр аст. Ҳамин аст, ки ба ҳама мушкилоти ҳаёт нигоҳ накарда, баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, фарҳанги сиёсии мардум, мақому манзалати илму маориф, фарҳангу тиб ва таъмини волоияти қонун ҳамчун масъалаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ хоҳанд монд. Ҳамзамон боз як қатор масъалаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки пойдории Истиқлолияти миллӣ, давлат ва тантанаи ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ватандӯстии миллати тоҷик аз ҳалли онҳо вобастагии зич дорад. Муҳимтаринашон инҳоянд:

    “Баргаштан ба асли хеш”, ки эҳёи пурраи хотираи таърихии миллатро дар пояи арзишҳои волои таърихию фарҳангӣ, иҷтимоию ахлоқӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, расму русуми неки ниёгон ва дастовардҳои имрӯзаи миллати тоҷик тақозо мекунад. Чи хеле ки дар урфият  мегӯянд, гузаштаро дар хотира  ва ояндаро дар орзӯҳо нигоҳ дошан, шарти муҳими комёбиҳо дар марҳилаи имрӯза мебошад; талошу ҷаҳд барои боз ҳам таҳким додани  ваҳдати миллӣ ва якпорчагии қаламрав ва марзу буми кишвар, ки бидуни тақвият ризояти қавму миллатҳо, маҳалҳою вилоятҳо, ҳизбу созмонҳо, намояндагии сазовори онҳо дар сатҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва рушди баробари иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маишии минтақаҳои имконнопазир аст; тарбияи аҳолӣ, алалхусус ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз миллат будану ватан доштан, ки зарурати дар заминаи дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир ба онҳо додани дониш, омӯзонидани касб, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба корҳои  идораи ҷамъиятию давлатӣ ҷалб кардан онҳоро ба миён меоварад; эъҷоди маориф, илму фарҳанг, асарҳои бадеӣ ва наворҳои синамоӣ, ки ба ташаккули ҳуввият ва  ифтихори миллӣ, ватандорӣ ва рафъи шуури бардагӣ ва дастнигарии қишрҳои муайяни ҷомеа, бегонапарастию қавмгароӣ мусоидат мекунад; таъмини волоияти қонун, ки яке аз шартҳои асосии ташаккули давлати демократию ҳуқуқбунёд, таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои шахс, баробарии одамон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт ва дастрасӣ ҳама будани сарватҳои моддию маънавӣ, масъулятшиносии онҳо дар назди ватану миллат мебошад; ноил шудан ба истиқлолияти пурраи иқтисодӣ, дар пояи истеҳсоли техникаю технологияи ватанӣ, аз содиркунандаи ашёи хом ба кишвари тавлиди маҳсулоти тайёр табдил додани ҷумҳурӣ, зиёд намудани  истеҳсоли номгӯи молҳои воридивазкунанда, ба ҷои кор ва маоши сазовор таъмин кардани аҳолӣ ва ба ҳамин минвол баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум амри воқеӣ шуданаш мумкин аст; оштинопазир будан ба зуҳури ҳамагуна ҳаракатҳои ифротӣ, аз қабили экстремизми динию сиёсӣ, терроризм, рӯҳияи ҷудохоҳӣ ва маҳалгароию қавмгарои. Ба инобат гирифтани ин нуктаҳо махсусан дар шароити қувват гирифтани тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки шаклу  воситаҳои талоши абарқудратҳоро барои тақсим ва аз нав тақсимкунии “ҷаҳон” хеле нозук кардааст, аҳамияти фавқулодда дорад.

   Чунинанд бархе аз он масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар назди ҷомеаи тоҷик истодаанд ва ҳаллу фасли онҳо, бешак, истиқлолияти воқеӣ ва бебозгашти миллӣ, давлатӣ ва ватаниро таъмин менамоянд.

Ҷононов Сайдамир —

профессори кафедраи ҷомеашиносии

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат