logo

САҲМИ ОЛИМОН ВА ЗИЁИЁН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

      Дар ҷаҳони муосир доман паҳн кардани падидаҳои номатлуби давр, ки сари ҳар қадам оқибатҳои нохуши он ба ҳаёти осоишта халали ҷиддӣ ворид мекунад, хеле зиёд шудааст. Ҳодисаҳое, ки дар олам ба амал меоянд, нисбат дода мешаванд ба терроизм, экстремизм. Зуҳур кардани чунин амалҳои зишт, ки оқибатҳои нохуши он ҷаҳонро ба ларза овардааст дар мадди назари ҳамагон хусусан сиёсатмадорон қарор дошта, сарварони сиёсӣ талош ба он менамоянд, ки дар навбати аввал сади роҳи он гирифта, оқибатҳои фоҷеабори онро бартараф намоянд. Амалҳои дар боло зикршуда ва амсоли ин амалҳо дар замони муосир хеле зиёд доман паҳн намуда, хатари ҷиддии он ба давлатҳое, ки зиндагии осоишта доранд, низ бе таъсир намондааст. Омилҳои дар ҷаҳони муосир сабаби ба вуҷуд омадани терроризму экстремизм ва дигар ҳолатҳои нохуби сиёсӣ гардида истодааст, коршиносон гуногун шарҳ дода муайян намудаанд, ки аксари ворид шудагони ин гурӯҳҳо аз ҳисоби ҷавонон ва наврасонанд. Пас чи бояд кард, то наврасону ҷавонон аз ин вабои аср халосӣ ёбанд ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд.

      Аксаран ба он ақидаанд, ки дуруст интихоб кардани роҳи зиндагӣ миёни ҷавонон ва нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои хусусияти экстремистӣ доштаро шахсиятҳои комил ба роҳ монда метавонанд. Ба ин ақида низ розӣ шудан то андозае дуруст аст. Зеро ки синну соле, ки ба даврони ҷавонӣ рост меояд таҷрибаи камро дар бар мегирад. Таҷриба надоштан ва андешамандона назар накардан ба оянда ҳар як шахсро ба дуруст интихоб накардани роҳи зиндагӣ бурда мерасонад. Барои он ки ба мо, ҷомеа ва оянда ба давлатдориамон зиёне нарасад, бояд якчанд корҳоро ба сомон расонид:

— дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар оила, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишкадаю донишгоҳҳо;

-риоя ва дар амал тадбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»;

— ҷорӣ намудан ва таълим додани фанни таърихи дин дар ҳама муассисаҳои таълимӣ;

— ташкили шабнишиниҳои эҷодӣ, аз қабили вохуриҳо бо адибон, олимон, чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ҳунармандон ва ғайра;

— таҳти назорат гирифтани рафтори хонанда, донишҷӯ ва корманди ин ё он муассиса;

— фаъол гардонидани марказҳои таълимӣ барои ҷавонон ва фаъолияти меҳнатӣ вобаста ба шакли кор дар соати муайян;

-ба китобхона сафабарнамоии ҷавонон, бахусус хонандагон ва донишҷӯён;

-баъд аз хатми мактабҳои таҳсилоти олӣ ба ҷои кор таъмин намудани хатмкунадагон ва ғайра.

      Роҳҳои бартараф намудани таъсири манфии ҷавононро ба ҷомеа, ки дар боло зикр намуда, бештар ба таъкиди сеюмамон, ки ҷорӣ намудани фанни таърихи дин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ аст гуфта мегузарем. Имрӯз на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон ҳар як падидаи номатлубе, ки сар мезанад ба он хусусияти динӣ медиҳанд ва ё баён медоранд, ки ин ҳолат дар натиҷаи ҷиҳод ба амал омадааст. Шояд дар баъзе мамлакатҳо чунин ҳам бошад, зеро ки сатҳи зиндагӣ ва сатҳи маърифатнокии ҳар мардум вобаста ба сатҳи иқтисодии ҳамон  давлат боло меравад. Лекин ба ҷавонони ҷавон, ки дар чунин як давлат бо номи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона зиндагӣ мекунанд нисбат додан мумкин аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрӣ ва мулоқотҳояш таъкид медорад, ки хиради азалӣ ва зиракии сиёсиро аз даст додан лозим нест. Дар ҳақиқат ба ҳар як устод лозим аст, ки дар соатҳои тарбиявии худ шогирдонро дар руҳияи халқпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, роҳнамоии онҳо ба омӯхтани касбу ҳунари замони худ ва интихоби дурусти роҳи зиндагӣ ҳарф зада, онҳоро барои расидан ба орзӯю ҳавас ва зиндагии осоишта дилгарм созанд. Ҳама он зишткориҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон дар хориҷи кишвар ба амал меоянд, шаҳодат аз ноумедиҳо ва равшан надидани роҳи зиндагии ҷавонон медиҳад. Нигоҳи гарм ба зиндагӣ доштан, меҳру муҳаббат ба волидайн, фарзандон, бародарону хоҳарон, хешу ақрабон, ёру дӯстон ва асосаш бо Ватан-Модар доштан моро аз ҳама амалҳои нангин ҷилвагирӣ мекунад. Ман ҳамчун фарди ҷомеа тарбияи модари тоҷикро дар самти ба воя расонидани фарзандон баҳои баланд медиҳам, зеро ки ҳар як панду насиҳати модари тоҷик ба фарзанди худ чунин таъкид меёбад: «писарам ба кори бад даст назан, дурӯғ нагӯй, фиреб макун, касеро озор надеҳ ва ғайра».

      Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2019 пешниҳод гардид, фарогири шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳурот ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин,  боз ҳам печидаву муташаниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам», буд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёраро Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядрориро ба миён овардааст». Вақте ки мо аз муҳтавои Паёми    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шудем ва тавассути расонаҳои иттилоотӣ бори дигар огоҳӣ пайдо намудем, дарк кардем, ки дар паҳлуи сарвари сиёсиамон рост истода, ҷавононро тарбия намоем, ҳунар омӯзем ва ҳисси ватандӯстиро дар онҳо зинда гардонем. Танҳо бо ин роҳ мо аз ҳама гуна хатарҳое, ки оқибаташ ҳар як халқу миллатро ба нестӣ бурда мерасонад, раҳоӣ хоҳем ёфт. Эътимоди комил дорам, ки рӯз то рӯз зиёиёни мо дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта, бештар наслеро тарбия мекунанд, ки дар оянда ҳифзкунандаи сарзамини мо тоҷиконро хоҳад гардид.

Ҳабибуллоев Муҳриддин Ҳабибуллоевич — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

мудири кафедраи “Назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкор-”и

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат