Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона)-и донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор доранд ва бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус kovid-19, эълон гаштани карантин дар кишварҳои мухталиф, инчунин баста шудани сарҳадҳо расонида мешавад, ки дар мувофиқа бо вазорати маориф ва илми ҷумҳурии тоҷикистон муҳлати сессияи имтиҳонотии нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 то ба эътидол омадани вазъият тамдид карда мешавад.
Донишҷӯёне, ки дар чунин вазъият қарор доранд, пас аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба сессияи иловагӣ роҳ дода мешаванд.
Раёсати донишкада