logo

ВАЗИФАҲО МУШАХХАС ГАРДИДАНД

    Санаи 28 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи назоратии назди ректори донишкада баргузор гардид.
    Дар кори ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва иҷрокунандагони вазифаи мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.
    Нахуст ректори донишкада аз ҳолу аҳволи коллетиви меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо пурсон шуданд. Хушбахтона иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони донишкада ва аҳлу оилаи онҳо ягон ҳодисаи нохуш рух надодааст.
    Қайд гардид, ки бо назардошти фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.05.2020, №1596 “Дар бораи амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 01 июни соли 2020 кормандони донишкада ба рухсатии меҳнатӣ сафарбар карда шуданд. Айни замон муҳлати рухсатии меҳнатии кормандон ба анҷом расидааст ва кормадоне, ки хоҳиши ба фаъолият шуруъ намудан доранд метавонад кори худро оғоз намоянд.
    Сипас, ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор доир ба сохтори нави тасдиқгардидаи донишкада маълумот дода, зикр намуданд, ки дар басти нави вазифаҳо дар донишкада ҳудуди 50 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
    Бо назардошти он ки дар донишкада озмуни ишғоли ҷойҳои холии корӣ эълон гардидааст, ректори донишкада ба вазифаи иҷрокунандаи мудирони кафедраҳо аз ҳисоби кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидори донишкада шахсони арзандаро пешниҳод намуданд.
    Ҳамчунин, дар чор факултети донишкада аз ҳисоби кормандони дохилӣ, устодони ҷавон, номзадони илм ба вазифаи деканони факултетҳо пешниҳод гардиданд.
    Ректори донишкада зимни баррасии масъалаи мазкур иброз доштанд, ки дар натиҷаи тағйироти сохторӣ баъзе аз кормандони донишкада ҷойҳои кории худро аз даст доданд, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин бо ҷойҳои мувофиқи корӣ таъмин карда мешавад.
     Ректори донишкада истифодаи самараноки захираҳои молиявии донишкадаро омили муҳими муваффақияти фаъолият унвон намуданд. Ба ин хотир аз масъулини факултетҳои донишкада даъват ба амал оварданд, ки бобати сари вақт пардохт намудани маблағи шартномаи таҳсил аз ҷониби донишҷӯён чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намоянд.
    Дар фарҷоми ҷаласа, ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор тамоми воҳидҳои сохтории донишкадаро вазифадор намуданд, ки омодагии ҳамаҷонибаро ба оғози соли нави таҳсили 2020-2021 дар сатҳи зарурӣ андешанд.