Санаи 24-уми июли соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни раёсати донишкада, сардорони шуъбаҳо, раисони Созмонҳои ҷамъиятӣ, кормандони қисми таълиму тарбия, илм ва инноватсия, равобити хориҷӣ, декани факултетҳо ва беш аз 45 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор қабл аз оғози нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори оммаро ба донишкада хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон арзи сипос ва миннатдорӣ намуданд.
Дар идомаи гузориши хеш оид ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ дар нимаи аввали соли 2020 ректори донишкада аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда қайд намуданд, ки “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд”.
Зимнан, ректори донишкада бо дилу нияти неки созанда иброз намуданд, ки ҳайати коллективи меҳнатии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ба кору фаъолият нимаи аввали соли 2020-ро сипарӣ намуд, зеро ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо дар Паёми навбатии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад. Чунин ташаббус ва боварии Сарвари давлат ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада руҳу илҳоми тоза бахшид.
Қайд гардид, ки нимаи аввали соли 2020 барои ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ, кормандон ва донишҷўёни донишкада давраи хеле хотирмон мебошад, зеро он бо ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ — 2020 ва дигар ҳодисаҳои иқтисодиву сиёсӣ алоқаманд мебошад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020, №240 дар бораи муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” номи муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” ба муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” иваз карда шудааст. Вобаста ба ин сохтори идоракунии донишкада тағйир дода шуда, шуруъ аз оғози соли таҳсили 2020-2021 амалӣ карда мешавад. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи иҷтимоӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҷадвали басти вазифаҳо аз рӯйи сохтори нави ташкилӣ-идоракунии донишкада ҳудуди 51 ҷойи нави иловагии корӣ таъсис дода шуд.
Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва муайянсозии воқеияти дониши донишҷӯён дар оғози нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 Маркази тестии қабули имтиҳонҳо таъсис дода шуда, он бо тамоми технологияҳои муосир ҷиҳозонида шудааст. Бояд ёдрас шуд, ки имтиҳонҳои фосилавии нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 бо усули нави электронӣ қабул карда шуд.
Дар ин давра дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июни соли 2016 ба раёсати донишкада тавассути шуъбаи умумӣ ва назорат ҳуҷҷатҳо ворид гардидаанд. Дар 6 моҳи фаъолият тавассути шуъба ба донишкада 495 мактуб ворид гардида, 430 мактуби содиротӣ ирсол гардидааст.
Ҳамчунин, ба унвонии раёсати донишкада тавассути шуъбаи умумӣ ва назорат 1819 адад ариза, гузориш, пешниҳод, муроҷиати шаҳрвандон, дархост ва хулосаи ҳуқуқшиноси донишкада ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо ҳаллу фасл гардида, ба шахсони масъул саривақт дастрас гардонида шудаанд.
Вобаста ба фаъолияти Шўрои олимони донишкада, ҳамчун мақоми олии идоракунӣ ректори донишкада муҳтарам Асрорзода У.С. қайд намуданд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 — 4 ҷаласаи Шўрои олимони донишкада тибқи нақшаи корӣ ва 4 ҷаласаи Шӯрои олимони ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар он 64 масъала, аз ҷумла, 33 масъалаи асосӣ ва 31 масъалаи ҷорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Илова бар ин, доир ба ҷаласаҳои ректорат ва ҷаласаҳои назоратии назди ректотри донишкада, ки 289 масъаларо дар бар мегиранд, ибрози назар карда шуд.
Вобаста ба фаъолияти самти таълим дар давраи ҳисоботӣ ректори донишкада иброз доштанд, ки раёсати таълим яке аз сохторҳои марказии идории Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат буда, дар раванди таъмини сифати таҳсилот нақши ҳалкунанда дорад. Давоми давраи ҳисоботӣ раёсат ҷиҳати таъмини низоми босифати таҳсилот силсилаи тадбирҳои нақшавӣ ва ҷориро амалӣ намудааст, ки чунин натиҷаҳои фаъолият ба даст омадааст:
Ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор самти илм ва инноватсияро самти калидии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ унвон намуда, иброз доштанд, ки дар нимаи аввали соли 2020 раёсати илм ва инноватсияи донишкада тибқи нақшаҳои тасдиқнамуда фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин давра дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии донишкада натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Аз ҷумла:
Вобаста ба самти робитаҳои хориҷӣ, ректори донишкада зимни гузориши хеш тақвияти робитаҳоро бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию байналмилалӣ бориз арзёбӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Раёсати донишкада барои сафарбар намудани омўзгорону донишҷўён дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи дохилию байналмилалӣ дар ин давра саҳми хешро гузошт. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо макотиби олӣ ва муассисаҳои илмӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 2 нафар омӯзгорони донишкада ба Донишгоҳи илмҳои татбиқии Бредаи Нидерланд сафари корӣ анҷом дода, такмили касб намуданд.
Дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи Донишгоҳи илмҳои татбиқии Бредаи Нидерланд, Донишгоҳи гуманитарию ҳуқуқии Қазоқистон ва дигар донишгоҳҳои шарик ҳуҷҷатҳои менеҷменти сифати таҳсилот дар донишкада такмил дода шуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра бо шарикони хориҷӣ аз Донишгоҳи Портуи Португалия, Донишгоҳи илмҳои татбиқии Бредаи Нидерланд, Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия, Донишгоҳи ҳуқуқшиносӣ ва илмҳои иҷтимоии Қазоқистон, Донишгоҳи авиатсионии Украина гуфтушунид анҷом дода шуд ва онҳо дар конфронси илмӣ-амалӣ дар чорчӯбаи барномаи грантии “Омодасозии кадрҳо бо ҳадафи рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тариқи онлайн фаъолона ширкат варзиданд.
Вобаста ба самти фаъолияти тарбиявӣ ректори донишкада муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор иброз доштанд, ки шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи донишкада дар шашмоҳаи аввали соли 2020 барои тақвияти корҳои тарбиявӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатиро доир намуд.
Бо мақсади тарбияи ҳисси ватандўстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон ва тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии насли наврас дар нимаи аввали соли 2020 зиёда аз 28 чорабинии тарбиявӣ баргузор гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ Донишкада ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Сангвор ёрии худро амалӣ намуд. Дар ин давра Донишкада ба Мактаб-интернати мазкур ба маблағи беш аз 10 000 сомонӣ маводи хӯрока ва конселярӣ харидорӣ карда, дастрас намуд.
Инчунин, дар давраи авҷгирии бемории сироятии коронавирус аз тарафи раёсати донишкада ба 150 оилаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе кӯмак расонида шуд.
Дар партави сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишкада Асрорзода У.С. иброз доштанд, ки дар донишкада дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, дар самти фаъолияти иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявии донишкада пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла:
Бо назардошти он ки дар донишкада литсейи равияи иқтисодӣ фаъолият менамояд, ректори донишкада дар гузориши хеш вобаста ба самти фаъолияти литсейи мазкур низ ибрози назар намуда, қайд карданд, дар шашмоҳаи аввали соли 2020 роҳбарият ва омўзгорони литсейи донишкада тамоми малака ва нерўи худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омўзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, омўзиши амиқи технологияи муосир равона намуданд.
Дар ин давра дар литсей 719 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 233 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар литсей ҳафтаҳои фаннии англисӣ, математика, физика гузаронида шуда, бо доир кардани конференсияҳо ва чорабиниҳои гуногун ҷамъбаст карда шуд.
Айни замон дар литсей се нафар хонандагон аз фанҳои биология, ҳуқуқ ва забони тоҷикӣ дар озмуни шаҳрӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, 2 нафар аз онҳо ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 2 нафар хонанда гирандаи стипендияи Президентӣ ва 1 нафар хонанда гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба масоили омодасозии мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои сершумори хеш аз масъулини сохторҳои таркибии донишкада посухҳои мушаххас гирифтанд.