logo

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»

   Дӯстони арҷманд, ҳамкасбон, устодону кормандон, магистрантону докторантон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳамватанони азиз!

      Ҳамаи Шуморо ба муносибати 23-юмин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» самимона муборакбод менамоям.

      Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як нафари мо азизу муқаддас аст. Он марбут ба санаест, ки амну осоиш дар рӯзгорамон дигарбора барқарор гардид, кушторҳою бедодгариҳои мудҳиш хотима ёфтанд, миллату кишвар аз парешонию нобудӣ раҳо шуданд.

     Имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз мусоидат кард.

     Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди истиқрори сулҳи тоҷикон беҳамто ва беназир унвон мегардад. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, ки боиси ифтихори ҳар як сокини бо нангу номуси ин сарзамини барои сокинонаш муқаддас қарор гирифтааст.

      Маҳз, абармарди дунёи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошу ҷоннисорӣ ва кӯшишҳои хеш баҳри таъмини ваҳдати сартосарӣ дар кишвар, сазовори номи баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат гардидаанд.

     Сарчашмаи бунёди ваҳдати миллии тоҷикон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт манша мегирад. Дар баромади хеш Раиси Шӯрои Олии тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як иродаи қавӣ ба мардуми Тоҷикистон таъмини ваҳдат ва баргардонии фирориёни кишварро ба Ватан иброз намуда буданд, ки дар як фурсати кутоҳтарин ба ваъдаи хеш вафо намуданд. Ин аст, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби хурду бузурги кишвари азизамон гардидааст.

     Миллату халқҳо ҳамеша ниёз ба роҳнамое доранд, то дар ҷабҳаҳои инкишоф муваффақ гарданд ва ҳамзамон на ҳар фарде барои ин халқу миллатҳо роҳнамо буда метавонад.

      Беҳуда бузурге нафармудааст, ки:

Роҳбаре ҷӯй, ки дар ин Доира ҳар сӯ роҳ аст,

      Марди саргашта чӣ донад, ки куҷо хоҳад рафт.

     Он андеша саҳеҳ аст, ки то фарде аз баҳри ҷони худ дар байни як миллат нагузарад, наметавонад он миллат сарҷамъ ояду ташаккул ёбад ва ин қонуниятро аҳли башар дар таърихи ҳазорсолаҳои инкишоф борҳо шоҳид гаштааст.

     Чӣ хушу гуворост, вақте халқ мешунавад, ки Пешвояш давлатро дар заминаи қонунҳо идора менамояд. Зеро қонун иродаву садои халқ аст, ки онро пазируфтааст. Ин гуна Пешво халқи худро дар заминаи қонуну қолабҳои бонизом хеле осон ба пешрафту таҳаввул муваффақ гардонида метавонад, ки ин маънии зиндагии шоиста доштани он миллату давлатро ифода менамояд.

     Боварии комил дорам, ки устодону донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар раванди амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва инчунин омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми муносиби хешро мегузоранд.

     Бори дигар Рӯзи Ваҳдати миллиро бароятон муборакбод менамоям.