logo

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОРОИШГАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

     Имрӯз дар айёме, ки аз ҷониби пиру барнои кишвар ҷашни мубораку  муққадас  23  —   сологии  иди  Ваҳдати  милӣ  бо  шукргузорӣ  аз  истиқлолияти  давлатӣ,  давлатдории  миллӣ,  сулҳу  суботи  пойдор  ва  дарки  масъулияти  баланд  дар  назди  наслҳои гузашта  ва  имрузаву  ояндаи  кишвар  таҷлил  менамоянд.  Рузе,  ки дар  кишвари  азизи  мо   бо  имзои  “Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти  миллӣ  дар  Тоҷикистон”  дар  таърихи  27-уми  июни  соли  1997  сулҳу  сафо,  оромиву  осудагӣ  оштию  ваҳдатро  дубора  барқарор  намуда  буд.  Ба  шарофати  ба  имзо  расидани  ин  Созишномаи  тақдирсоз  мо  тавонистем,  ки  ба  муноқишоҳои  дохили  ва  муқовимати  мусаллаҳона  хотима  бахшида,  ба  марҳалаи  навини  Тоҷикистон  –  гузоштани  пойдевори  сулҳ,  таъмини  ваҳдати  милли   ва   дар  ин  асос  ба  эътидол  овардани  фаъолияти  соҳаҳои  хоҷагии  халқи  Тоҷикистон  ва  рушди  онҳо  оғоз  менамоем.

      Маҳз  бо  кӯшишҳои  пайгиронаи  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти  кишвар  мӯҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон миллатпарешон  сарҷамъ  омад,  мамлакат  обод  шуд,   пеш  рафт,  гул-гул  шукуфт  ва  имрӯз  дар  чеҳраи  ҳар  фарзанди  тоҷик нишоту  хурсандист,  ваҳдату  сулҳ  падидор  аст,  Воқеан   Ваҳдат   —   беҳтарин  неъмат,  ҳаёти   инсон,  орзуву  армон,  таҳкими  давлат,  наҷоти  миллат,  рушди  тоҷикон,  нумӯи  даврон,  ҳастии  инсон  дар замину  замон  аст.

Душанбе марказидунёи тоҷик бустони ту,

 Ҷахони хуррамиву шабчароғи тоҷикони ту.

Ту маъвои дили вумаъхази кони равони

 Душанбе мулки шоирзодаиву достони ту.

     Душанбе маркази Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилхо, макони меҳру шавкат, маскани тоҷикони бузургаст. Душанбе кишварест, ки барои аз хурд то бузургии ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки дар канори бузургаш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки мисли модари ғамхор дусташ медорем. Меҳане, ки сар то сар гул – гул шукуфону ободу зебову бофароғат аст.

     Душанбе фахри даврони ҳар як бошандаи ба ору номуси ин сарзамини дилорост.  Бе ихтиёр метавон гуфт, ки Душанбе зеботар аз ҳама зебогиҳои оламаст. Бинобар ин дили ҳар як бинандаро мафтун мегардонад. Душанбе бузург шаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, маркази умеду армонаст. Даме, ки дар кучаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, бе ихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Даме, ки мардуми меҳмоннавозу бофарҳанги дорои маданияти баланди шаҳрвандонашро вомехурем, беихтиёр нидо мекунем.

     Душанбе дар қалби тоҷикону тоҷикистониён монанди нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шуълапоши мекунад. Пиру барнои ин сарзамини ҳамеша баҳор мисоли парвона гирди шабчароғи ягонаи ин шаҳри дилоро дар гардишанд. Дарҳои меҳмонхонахои бузурги Душанбе шаҳр хамчун кошонаи умеду ормон ҳамеша ба суи меҳмонон боз буда, фарзандони неку фарзонаи он бо фарри ориёи боҳусни шоҳона мебахшад.

Оре, шукронаи Душанбе, ки мо бошандаи ин макони гул басарем. Шукронаи мардуми фарҳангии он, ки ифтихори миллати бузурги тоҷиканд. Фарзандони чаҳонгарди ин боғшаҳри дилкушо ҳамеша аз дуриҳои дур васфи кишвари маҳбуб карда, озодагии обу ҳаво, гулу гиёҳҳои онро дар дил мепарварад.

Эй дуст, биё бахри тамошои Душанбе,

Бе шубха, ту хам мешави шайдои Душанбе.

Курбанова С. М. – муаллимаи

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат