logo

Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар оғози даҳсолаи охири асри ХХ дар замоне сурат гирифт, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон бар асари фурӯпошии Давлати Шӯравӣ тағйироти азим ба амал омада, низоми сиёсии олам рӯй ба дигаргунӣ овард. Ривоҷи марзбандиҳои тозаи минтақавӣ ва фазои ҷадиди геополитикӣ бо афзудани хатарҳои умумиҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифродгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, офатҳои табиӣ, коҳиши сарватҳои зеризаминӣ ва манбаъҳои сӯзишворию энергетикӣ муродиф омад ва амнияту оромии бисёр давлатҳои хурду бузург дар зери хавф қарор гирифтанд. Дар канори ин равандҳо ва падидаҳои муассири ҳаёти ҷомеаи башарӣ тамоюли ҷаҳонишавӣ дар саросари рубъи маскун бо суръати азим равнақ ёфта, аз густариши марҳилаи комилан нави таърихии инсоният –марҳилаи фарогири таммаддуни ҷаҳонгаройӣ паём расонид.

      Ҷаҳонишавӣ дар заминаи пешрафтҳои беназири васоили иттилооту алоқа дар муносибатҳои халқҳову миллатҳо ва кишварҳову давлатҳо дигаргуниҳои намоёнеро ба вуҷуд овард. Аз ҷониби дигар, имкон дорад, ки дар маҷрои фарогири ин раванд аҳамияти арзишҳои суннатӣ ва дастурҳои ахлоқиву маънавии миллӣ тадриҷан коҳиш биёбад ва меъёрҳои нави фаромиллии ҷаҳонӣ, ки маҳсули тамаддуни ташаккулёбандаи иттилоотианд, дар дунёи муосир аз нуфуз ва тасаллути беш аз пеш бархурдор гарданд.Чунин шароити пурталотуми рубъи маскун Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ба анҷумани давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ворид мегардид ва барои дарёфти мақому манзалати шоиста дар он анҷуман талош меварзид. Сухан танҳо оид ба барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ё таъмини узвият дар созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ намерафт. Муҳим он буд, ки Тоҷикистон бо такя ба андўхтаҳои таърихии хеш, бо ҳифзи ҳувияти миллӣ, бо дарки амиқи манфиатҳои кишвар ва шинохти дақиқи аҳволи оламу оламиён ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бипайвандад. Ин амр таҳия ва роҳандозии сиёсати хориҷии мутавозин ва фарогирро тақозо мекард, сиёсате, ки мақоми таърихии тоҷиконро дар ҷаҳони мутамаддин эҳё кунад, сиёсате, ки нақши созандаи Тоҷикистонро дар таъйини муҳимтарин равандҳои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ таъмин намояд. Ба бахти миллати кӯҳанбунёди тоҷик, ба саодати давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон чунин сиёсати санҷида ва дурбинонаи хориҷӣ бо ҳидоят ва раҳнамоии сиёсатмадори ҷавон, вале дурбину дурандеш Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Сиёсати дарҳои кушод” тарҳрезӣ гардид, ки он ба сифати яке аз омилҳои асосии таҳкими пояҳои истиқлолияти кишвар дар сарнавишти таърихии тоҷикон дар охири ҳазорсолаи дуввум ва оғози ҳазорсолаи савуми милодӣ нақши фавқулода муҳим гузошт. Самтҳои асосии ин сиёсат, ки ҷавҳари онро паймудаи роҳи мадоро ва таносубу тавозун дар муносибат бо мамолики мухталифи хориҷӣ, роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар бо ҷонибҳои хайрхоҳ, мавқеъгириҳои созанда дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳони муосир фароҳам меоварад.Имрўз сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои бобарори фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуд ва вазъияти мураккаби дохилӣ, Тоҷикистон дар муддати кўтоҳ бо истифода аз роҳу равиши муносиби ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонист, ки мушкилоти дохилиро тариқи сулҳу салоҳ ҳаллу фасл намояд, бо доираи васеи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ робитаҳои худро таҳкиму тавсеа бахшад.

      Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шуда, Тоҷикистон наметавонад аз он равандҳое, ки ба вазъи минтақа ё ҷаҳон таъсир доранд, бетараф бошад. Аз ин хотир, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба чандин масъалаи муҳимтарини ҷаҳони муосир ибрози андеша намуда, роҷеъ ба ҳаллу фасли онҳо таклифҳо пешниҳод намуда буд. Яке аз чунин мавзӯъҳои муҳим ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон мебошад. Дар баробари андешидани тадбирҳо ба хотири кумак ба ин кишвари ҷангзада, Роҳбари Тоҷикистон дар бораи ба вуҷуд овардани «Камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ба мақсади ҷилавгирӣнамудан аз қочоқи маводи мухаддир ва яроқ аз ин кишвар, таҷдиди иқтисодиёти он, ки яке аз шартҳои муҳимтарини рушди ин кишвар мебошад, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо масъалагузорӣ карда буд.

      Мубориза алайҳи чунин хатару  талошҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризм, тундгароӣ, гардиши маводи мухаддир мавзӯъҳое мебошанд, ки ҳамеша дар гуфтушунидҳои роҳбарияти Тоҷикистон бо  намояндагони  хориҷӣ ва ҳангоми ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.

ШАРИПОВ Ҳ.А. – устоди калони

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат