logo

ИҶЛОСИЯИ XVI ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

    Таърихи навини Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва бо бастани шартномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ 27 июни соли 1997 то ҳанӯз ҳамчун дастоварди асосии даврони истиқлолияти далатӣ бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил шуда истодааст.

      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, ки касе ба фардои зиндагии худ бовар надошт, зимоми идораи давлатро бо масъулияти бузурги сиёсӣ бар дӯш гирифт. Дар чунин шароит, масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбар,  муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳо буд. Ӯ бояд қабл аз ҳама ба ҷанг нукта мегузошт. Мардумро сари як дастархон муттаҳид мекард. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар онҳо танҳо халқ ва ҳастии миллату давлат зарар мебинад.

      Роҳбари давлат ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо нишасти сари зону назди рамзи озодии миллат — Парчами давлатӣ бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.

       Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи XVI маҳз ба масъалаи ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо “Дар бораи гурезагон”, “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992” бо вуҷуди он, ки баъдан ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ  буданд, ки ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда буданд. Роҳбари давлат фаъолияти ваҳадасозӣ худро аз рӯзҳои аввал дар мақоми нав ифшо намуда, мазмун ва мӯҳтавои фаъолияти Шӯрои Олиро ба самти нав: ҷустуҷӯи роҳҳои ба ҳам овардани миллати ҷангзада гардонда ҳадафи олӣ, аввалин ва асосӣ “оташбас”-ро элон кард.

      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони мӯҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

      Ӯ аз ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 21 маротиба гуфтушинидҳоро ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат ва пешвои миллат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот кардааст, ки дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат сӯҳбат намуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудааст.

       Ӯ дар таърихи 10-11 декабри соли 1996 ҳангоме, ки дар барои гуфтушунид аз миёни оташ барои  гуфтушинид бо мухолифин ба  деҳаи Хосдеҳи ноҳияи Фархори Давлати Исломии Афғонистон рафт, муоҷиҳидини афғон ангушти ҳайрат газида гуфта буданд, дар Тоҷикистон ҳатман сулҳ мешавад.  Дар Афғонистон ҷанг мерафт, мақомоти амниятӣ рафтани Роҳбари давлатро дар чунин шароит ба он минтақа мамнӯъ донистанд. Вале Президент посух доданд: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ намегардам.»

      Маҳз баъд аз ин сафар миёнаравҳои кишвари афғон ба пуррагӣ бовар сохтанд, ки дар Тоҷикистон сулҳ мешавад. Ин матонати Эмомалӣ Раҳмонро дида Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони Афғонистон сарварони мухолифро даъват ба нишаст ва гуфтушинид намуда, гуфтааст: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки зери тиру туп барои даъвати сулҳ ва суббот  омадааст, ӯ ба Шумо сулҳ ва суботро меорад, ҷамъ шавед ва ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо он аст, ки мо то имрӯз чунин роҳбари ғамхореро, ки барои миллатш омодааст ҷонашро дареғ кунад,  надоштаем.»

      Тарзе бузургони сиёсат гуфтаанд, мактаби сиёсии ӯ, дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастиаш сарчашмаи худогоҳӣ, худшиносӣ, ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстӣ ва эҳёгари таъриху фарҳанги пурғановати ниёгони тоҷик буда, илҳомбахши рӯҳи миллати соҳибдавлати тоҷик аст, ки барои наслҳои оянда бардавом хизмат хоҳад кард.

 

Нодиров Ф.М. – н.и.ҳ., дотсенти

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат